• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Семинар – викторинаи машваратӣ- ҳуқуқӣ таҳти унвони

«Зан-оинаи рӯзгор»

384.jpg - 151.68 Kb

Тибқи Нақшаи кории бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ  санаи 16 декабри соли 2019 дар хобгоҳи №3- и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  С. Айнӣ бо  иштироки Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти   давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо қисми тарбия, иттифоқи касаба, созмони ҷавонон ва шӯрои кураторони донишгоҳ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи эълон гардидани  солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои расидан ба зиндагии шоиста, баҳри соҳибкору соҳибкасб шудани бонувони тоҷик ва  бо мақсади  омода намудани донишҷӯдухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифат ва таҷрибаи оиладории онҳо, парвариши ҳисси зебоипарастӣ, нигоҳ доштани расму оинҳои миллӣ, тарuибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва пешгирӣ намудани  духтарон аз ҳамагуна амалҳои номатлуб озмун ва семинар – викторинаи машваратӣ - ҳуқуқӣ таҳти унвони  «Зан - оинаи рӯзгор» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои №2; 3 ва 7 фаъолона иштирок намуда, барои иҷрои шартҳои озмун ва ҳозирҷавобӣ аз ҷониби ҳакамон бо Шарифзода Наргис Достӣ – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ бо «Ифтихорнома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Донишҷӯдухтарони хобгоҳи №3 сазовори ҷои аввал гардида, ба донишҷӯдухтарони хобгоҳи №2 ҷои дуюм ва ба донишҷӯдухтарони хобгоҳи №7 ҷои сеюм дода шуд.

 

Бахши кор бо духтарону

занони донишгоҳ    Саидова Г.

 

385.jpg - 109.36 Kb 386.jpg - 86.64 Kb 387.jpg - 76.63 Kb 388.jpg - 92.15 Kb

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj