• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Дарси кушоди тарбиявӣ (кураторӣ) вобаста ба

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

413.JPG - 186.32 KbДар таърихи 02.12.2019. Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид  таҳти  №14603 «Дар бораи иҷрои Суруди миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ» ба имзо расид.

Вобаста ба иҷроиши фармони мазкур дар таърихи 20.12.2019. бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Холмаҳмад Раҳимӣ дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бо иштироки донишҷӯёни 4 гуруҳи таълимӣ дарси кушоди тарбиявӣ (кураторӣ) гузаронида шуд. Дарси кушоди тарбиявиро мудири кафедра Холмаҳмад Раҳимӣ дар мавзӯи «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайри таърихии он» гузаронд. Дар маърӯза қайд шуд, ки “Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимӣ ва дорои таърих, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошанд. Бо туфайли осори адабӣ, илмӣ ва таърихии фарзандони фарзонаи ин миллати фарҳангофар ва фарҳангпарвар дар тӯли зиёда аз 1000 сол бе давлат ҳам онҳо тавонистанд, забон, таърих ва анъанаҳои пешқадамро ҳифз намоянд.

Аз соли 1991 инҷониб шоирон шеърҳои ватандӯстонаи бисёре эҷод намуданд ва ба озмуни «Суруди миллӣ » тайёрӣ медиданд. Соли 1994 барои эҷоди Суруди миллӣ озмун эълон гардид. Ба кумитаи ташкилии озмун муовини аввали  Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев роҳбари менамуд. «Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри соли 1994 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид»-қайд намуд зимни сӯҳбат бо мо муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар матни Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков 7-уми сентябри соли 1994 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Муҳокимаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти риояи талаботҳои таълифи Суруди миллӣ аз миёни 104 матни пешниҳодшуда  интихоб шудани матни устод Гулназар аз назари мо дар он аст, ки аввалан мазмуну муҳтавои суруд зиндагӣ, орзуву ормонҳои гузаштагонро бо имрӯзиён  пайвандад, сониян дар байти такрории он вожаҳои «Ватан», «Тоҷикистон» ва «озодӣ», ки ифодагари истиқлолияти Ватан ва мардуми он аст шоиронаву озодихоҳона баён шудааст.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Дар дарси кушоди тарбиявӣ Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ, дотсентон Мадатзода Манзура, Ҳамза Боқиев, Абдушукур Ғаффоров, Фозилов Сӯҳроб;  муаллимон Равшан Ҳамроҳ, Туманова Басгул, Гулрӯ Қурбонова ширкат намуданд.

Баъди маърӯзаи Холмаҳмад Раҳимӣ дар мавзӯи «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайри таърихии он» муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар бо аҳли толор вобаста ба эҷоди ин суруд суҳбати пурмуҳтаво намуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ даъват намуд.

Дотсент, Ҳамза Боқиев ба таври мушаххас оиди эҷодиёт ва дастовардҳои адабии устод Гулназар маълумот дод.

Муҳаққиқи ашъори Гулназар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Равшан Ҳамроҳ, ки дар таърихи 26.12.2019. дар мавзӯи «Поэтикаи ашъори Гулназар» рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд, маърӯза намуд.

Декани факултет Мадатзода Манзура аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар илм омӯзанд ва дар оянда ҳамчун омӯзгор ба халқу ватан хизмат намоянд.

Донишҷӯён дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақаддасоти Тоҷикистон – Суруди Миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд.

Мудири кафедраи забон ва адбиёт

Холмаҳмад Раҳимӣ

 

413.JPG - 186.32 Kb 414.JPG - 182.50 Kb 404.JPG - 158.05 Kb 405.JPG - 173.84 Kb 406.JPG - 202.12 Kb 407.JPG - 179.29 Kb 408.JPG - 166.19 Kb 409.JPG - 181.84 Kb 410.JPG - 170.04 Kb 411.JPG - 160.74 Kb 412.JPG - 154.26 Kb 415.JPG - 163.82 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj