• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАҚДИМИ КИТОБҲО АЗ ҶОНИБИ САФИРИ ФАРОНСА

46.jpg - 175.43 KbСанаи 11-уми феврали соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, 350 нусха китобҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ туҳфа намуд, ки ҳадаф аз он густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст мебошад.

Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ меҳмони олиқадрро ҷиҳати тақдими китобҳо арзи сипос намуда, дар хусуси нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими равобити Тоҷикистону Фаронса сухан ронд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар китоби ба тозагӣ нашршудаи “Тоҷикистон – Фаронса: пайванди дӯстӣ ва ҳамкорӣ” ба ректори донишгоҳ тақдим намуда, зикр кард, ки китоби мазкур аз тарафи забоншиносони тоҷику фаронсавӣ бо чор забон бо кӯмаки Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.

Ҳамчунин тарафҳо зимни нишасти судманд роҷеъ ба муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба соҳаҳои илму маориф ва таҳсили донишҷӯён, тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимию бозомӯзӣ мубодилаи афкор намуданд.

48.jpg - 467.45 Kb 47.jpg - 213.96 Kb 49.jpg - 318.89 Kb 50.jpg - 236.10 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj