• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ

72.jpg - 154.90 KbДар таърихи 21.02.2020 бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Холмаҳмад Раҳимӣ вобаста ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи назариявӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия Х. Раҳимӣ- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, Бегимов Ҳ.Х.- мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, Басгул Туманова- муовини декан оид ба тарбия, Шаҳноза Ниёзова ассистенти кафедра иштирок намуданд.

Х.Раҳимӣ дар мавзӯи «Забон нишонаи асосии  миллат» баромад намуда, қайд намуд, ки Забон-шиносномаи ҳар халқу миллат мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар фарди Тоҷикистон, азҷумла донишҷӯён вазифадоранд, ки забони адабии тоҷикро дар сатҳи баланд донанд. Гуфторҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба гиромидошти забон хонда аз бар намоянд. Аз эҷодиёти шоирон шеърҳои ба забон бахшидаро аз бар намуда, ифоданок хонанд.

Донишҷӯён Раҳимзода Нодира, Ғаюрзода Нилуфар, Тахминаи Бекназар, Шукурова Дилрабо, Маҳмудова Мадина ва Шарифзода Нафиса дар мавзӯи забон шеърҳо қироат намуданд.

 

 

73.jpg - 86.24 Kb 74.jpg - 88.57 Kb 75.jpg - 88.46 Kb

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj