• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН  ДАР РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст. Тавре  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми имсола  иброз доштанд, мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Оре, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати ҷомеа аст ва танҳо ҷомеа қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.

 

Имрӯз забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Зеро забон рукни муҳимтарини бақои миллат ва пойдевори устувори давлати миллӣ мебошад, аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушд, тозагӣ, омӯзиш ва густариши он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ҷаҳд меварзад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи 22-юми июли соли 1988  барои тарвиҷи забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод, забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимии  ҷумҳурӣ  тадрис мегардад ва омӯзиши он дар факултетҳои ғайрифилологӣ низ роҳандозӣ шуд. Таваҷҷуҳи мақомоти олии Тоҷикистон нисбат ба омӯзиши забони давлатӣ дар назди забоншиносон, мутахассисони соҳа ва устодони соҳибтаҷриба илова ба таҷдиди усули таълим, инчунин таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиро  ба миён гузошт. Дар натиҷа то кунун даҳҳо китобҳои дарсӣ, дастур ва воситаҳои таълимӣ ба вуҷуд омаданд.

Дар Паёми имсола таъкид шудааст, ки роҳбарону масъулини соҳаҳоро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани маърифатнокии хонандагону донишҷӯён  тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.Ин нуктаи меҳварии Паём дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳамвора татбиқи амалии худро меёбад. Чунончӣ, худи ҳамин сол аз  ҷониби устодони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ китоби «Забони тоҷикӣ» (барои факултаҳои ғайрифилологӣ) ва Комплекси таълимӣ- методӣ аз фанни «Забони тоҷикӣ» интишор гардид, ки инро иқдоми амалӣ барои таълифи китобҳои дарсӣ шуморидан мумкин аст.

Вобаста ба талаботи замон дар  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон миллатҳои гуногун, аз ҷумла узбекҳо, русҳо ва туркманҳо  таҳсил менамоянд ва тибқи муқаррарот омӯзиши забони тоҷикӣ барои онҳо ҳатмист. Илова бар ин, бо ҳидояти Ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ барои гурӯҳҳои узбекӣ, рӯсӣ ва туркманӣ курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил шудааст.

Ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои меҳварии Паём роҳбарияти ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ диққати калон медиҳад. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар 13 факултети донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр аз узбекҳо дар ин муассиса боз миллатҳои дигар, амсоли русҳо, туркманҳо, куриёиҳо ва ғ.-ҳо таҳсил доранд ва ҳамаи онҳо забони тоҷикиро меомӯзанд. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои олии мамлакат ҷавобгӯи талаботи замон буда, дар ин самт монеае вуҷуд надорад. Барномаҳои таълимӣ, комплексҳои методӣ- таълимӣ, китобу воситаҳои таълимӣ барои омӯзандагони забони тоҷикӣ комилан фароҳам аст.

Дар ҳамаи донишгоҳҳои мамлакат комиссияи рушди забони тоҷикӣ амал мекунад. Комиссия ҳар моҳ як маротиба вазъи омӯзиши забони тоҷикиро дар гурӯҳҳои таълимашон ба забонҳои русӣ,англисӣ, чинӣ, куриёӣ санҷида, ба роҳбарияти муассисаҳои олии таълимӣ пайваста гузориш медиҳад.

Дар донишгоҳҳои мамлакат маҳфилҳои «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» амал мекунанд. Аъзои маҳфилҳо оид ба рушду такомули забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мубоҳиса менамоянд, дар ин хусус мақолаҳо менависанд, дар ВАО, бавижа радио ва теолевизион суханронӣ мекунанд.

Хурсандиовар аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паём дар ДДОТ ба номит С.Айнӣ чопи маҷаллаи «Навруста» вусъат дода шуд. Дар он осори адибони машҳури ҷаҳон аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума мегарданд, ки инро ҳам иқдоми ҷиддӣ дар самти рушди забони тоҷикӣ маънидод кардан мумкин аст.

Аз муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ  натиҷа бардоштан мумкин аст, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳифз ва густариши забони модарӣ сиёсати дурбинона ва созанда аст, сиёсатест, ки бар мабнои мукаммалсозии мақоми забон дар ҷомеа, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона,  нақши забон дар таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ шудааст. Аз ин рӯ, кормандони тамоми муассисаҳои олии кишвар, бавижа ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи  чунин сиёсат пайваста ҷаҳд меварзанд ва барои амалӣ гаштани нуктаҳои меҳварии ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо неруи дучанд собитқадамона ва ғайратмандона азму талош хоҳанд кард.

Саидмуроди Хоҷазод,

доктори илмҳои филология,

профессор, мудири кафедраи

умумидонишгоҳии забони

тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj