• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЁДЕ АЗ ДӮСТ

168.JPG - 1.04 MbРаҳимӣ Хизру Мӯсои замон буд,

Раҳимӣ дар ҷаҳон худ як ҷаҳон буд.

Зи одам зода буду буд одам,

Раҳимӣ одамиро ҷони ҷон буд.

Даме олим, даме шоир, даме дӯст,

Раҳимӣ лоиқи сад ину он буд.

Раҳимӣ дар миёни ҷумла ёрон,

Азизу меҳрубону нуктадон буд.

Ҳазор афсӯс аз марги чунин дӯст,

Ки ӯ пур орзу буду ҷавон буд.

Сад дареғу ҳазор афсӯс, ки дили пур аз меҳру саршори орзуи бародар ва ҳамкори мо – иҷрокунадаи вазифаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, шоир, олим, номзади илмҳои филологӣ Раҳимов Холмаҳмад Баротович (Х. Раҳимӣ), рӯзи 8-уми апрели соли 2020 аз задан боз монд. Марҳум 20-уми майи соли 1972 дар деҳаи Навободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз соли 1996 то рӯзи фавташ дар донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун аз қабили  ассистент, муаллими калон, муовини декан оди ба таълим, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва раиси иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултет софдилонаву сарбаландона фаъолият намудааст.

Холмаҳмад Раҳимов (Х. Раҳимӣ) соли 2019 дар мавзӯи “Ҷустори ҳунарии Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири тоҷик ва фардияти эҷодии ӯ” рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст.

Бар замми ин, ӯ аз ошиқон ва шефтагону тарғибгарони китобу адабиёт буд. Дар тӯли чанд сол ӯ беш аз 1000 нусха китобҳои бадеию методӣ ва илмиро ба маблағи шахсии худ харидорӣ намуда, дар дохили кафедра китобхонаи махсусро таъсис додааст, ки донишҷӯёну устодон аз он ҳамарӯза самаранок истифода мебаранд.

Раҳимӣ шахсе буд, ки дасту дили кушод дошт. Ба афтодагону ниёзмандон ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекард. Аёдати беморон ва тасаллияти мусибатзадагон одати ҷавонмардии ҳамешагии ӯ буд. Хандаҳои беғаш, ҳазлҳои беозори ба истилоҳ “ёвонӣ” ва дилсӯзиҳои бародаронаи ӯ аз ёди мо ва меҳри ӯ аз дили мо нахоҳад рафт. Мо барои марҳум оромиши ҷаҳони абадиро хоҳонем ва барои наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, аз Худованд сабри ҷамил металабем.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj