• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии

омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

256.JPG - 224.27 KbИмрӯз, 20-уми апрели соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Конфренсияи мазкурро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, хамагонро барои иштирок дар ин чорабинии илмӣ аз номи раёсати донишгоҳ изҳори ташаккур кардаву барои идома додани конференсия дар зарфи рӯзҳои муайянгардида, ба аҳли толор барору комёбӣ орзу намуд. Сипас, баромадкунандагон аз қабили  муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои биология, профессор Мирзораҳимов Акобир Каримович  дар мавзӯи “Тадқиқотҳои нанотехнологӣ дар пешрафти илми энзимология”, Абдусамад Муллоев-доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Бозтоби шахсият ва симои Аҳмади Дониш дар осори Садриддин Айнӣ”, Наимов Зариф-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент дар мавзӯи “Фаъолият ва имкониятҳои иҷтимоӣ-педагогии инсон”, Умаров Умар-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент дар мавзӯи “Салоҳиятҳои хатмкунандагони факултети физикаи муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ дар доираи салоҳиятҳои омӯзгор” ва магистри соли якуми факултети таърих Замира Қурбонова дар мавзӯи “Саразм – хазинаи тиллоӣ ва маркази ташаккули тамаддуни тоҷикон” маърӯзаҳо намуданд.

Конфренсия дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор гардида,  то 25 апрел дар бинои мазкур  ва дигар кафедраҳову факултетҳои донишгоҳ вобаста ба самтҳои фарогири худ  идома дорад.

 

247.JPG - 197.83 Kb 248.JPG - 181.17 Kb 249.JPG - 200.43 Kb 250.JPG - 193.95 Kb

251.JPG - 163.44 Kb 252.JPG - 235.17 Kb 253.JPG - 208.44 Kb 254.JPG - 226.25 Kb

255.JPG - 110.59 Kb 256.JPG - 224.27 Kb 257.JPG - 114.23 Kb 258.JPG - 202.65 Kb

260.JPG - 118.28 Kb 259.JPG - 175.44 Kb 261.JPG - 180.40 Kb 262.JPG - 175.15 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj