• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

КИТОБ — САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ

297.jpg - 164.38 KbДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯнамоии китоби тозанашр таҳти унвони «Китоб—сарчашмаи маърифат» доир гардид. Дар китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китоб, хизмати пурарзишу таърихӣ ва адабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати китоб гирд омада, он аз ҷониби академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир» ба чоп расидааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз маросими мазкур хабар дод, дар ин рӯнамоии китоби зикршуда ректори Донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ , олимону муҳаққиқони ва дӯстдорони каломи бадеӣ иштирок доштанд.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ зикр кард, ки китоби мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагони тоҷик равона карда шудааст.

Тавре таҳиягари китоб, адабиётшиноси тоҷик Саидумрон Саидов иброз дошт «олимону муҳаққиқони тоҷик дар ин асар оид ба иқдомҳои арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалб намудани ҷомеа ба мутолиа, мақому манзалати китобро дар баланд гардидани маънавиёти инсон пайваста таъкид намудан, дар замони муосир роҳу усулҳои баланд бардоштани мақоми китоб, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакатро ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ пайдо кардани Сарвари давлат ибрози андеша кардаанд».

Мавсуф иброз намуд, ки дар китоб бештар аз 30 мақола доир ба китобу китобдорӣ, рушди китоб дар ҷомеа ва нашру ҳолати китобхонаҳои имрӯзаи мамлакат чоп гардидааст.

Муаллифони мақолаҳои нашргардида донишмандон ва адибони маъруфи тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Нуралӣ Нурзод ва дигарон мебошанд.

Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи худ «Китоб омили бунёдии ташаккули тафаккури инсон ва тамаддун» овардааст, «Китоб сарчашмаест, ки инсон ба воситаи он иттилоъ мегирад, захираи луғавии худро бой месозад, аз дигаргуниҳои олам бохабар мешавад ва ба ҷаҳони мураккаби одамони дигар ошно шуда, неку бади дунёро мефаҳманд. Яъне китоб ҷанбаи зеҳниву маънавӣ ва равонии шахсро тақвият бахшида, ба он имкон медиҳад, ки оид ба ҳар як ҷузъиёти ҳаётӣ натиҷагирӣ кунад ва ба иштибоҳ роҳ надиҳад..».

Дар маросим аз ҷониби адабиётшиносон ва нависандагон доир ба мақолаҳое, ки дар китоб нашр гардидаанд, андешаҳои гуногун баён шуданд.

 

296.jpg - 395.21 Kb 293.jpg - 376.03 Kb 294.jpg - 413.79 Kb 295.jpg - 300.27 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj