• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО ХУБ АРЗЁБӢ НАМУД

304.JPG - 502.95 KbТибқи нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ 15-уми июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳи соли 2020 бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарии  кишвар - Заробиддин Ширинов, Назаров Сайидо, Сафияи Шоҳин аз агентии иттилоотии “Ховар”, Бузургмеҳр Ҷалилов аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ибодуллоҳи Тоҳир аз рӯзномаи «Минбари халқ», Ворис Назарзода аз рӯзномаи  «Садои мардум», Абдурауф Муродӣ аз рӯзномаи «Омӯзгор», Туйчизода Мутриба аз маҷаллаи «Тоҷикистон», Рустам Одинаев аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Тоҷиддин Латипов аз рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа», Усмон Раҳимзода аз рӯзномаи «Тоҷикистон», Лутфия Эшонқулова аз рӯзномаи «Народная газета», Насриддинова Гулнора аз радиои  «Садои Душанбе», Шоиста Аёзова, Баҳруллои Маҳмадовуд аз  «Радиои Тоҷикистон» ширкат намуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ аз натиҷаи дастовардҳои назарраси таълимгоҳ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар мазҳари ҷомеаи рӯзноманигорон ҳисоботи муфассал ироа намуд.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ иброз дошт, ки мо ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба донишгоҳи мо низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва баҳри таҳкими фаъолияти он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Мавсуф ёдрас шуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии касбии кишвар дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ нақши муассир дорад. Мазкур ҳамзамон афзуд, ки дар давоми анқариб сӣ соли охир дар донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва талаботи давлати соҳибистиқлол факултаву кафедраҳои нави созгори замон, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун таъсис дода шуданд. Барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба рӯҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд.

Зимни ин нишаст аз сатҳи сифат, дараҷаи илм ва маҳорату малакаи волои устодони ин боргоҳи маърифат суханҳои олӣ  низ гуфта шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар донишгоҳ ҳамчун базаи моддию техникӣ 1270 компютер, 116 тахтаи электронӣ, 116 проектор, 20 ноутбук, 16  синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи лингофонӣ, 2 китобхонаи электронӣ ва 26 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ ба донишҷӯёну кормандон хизмат мерасонанд.

Нуктаи муҳими дигаре, ки дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ин дар нимсолаи сипаришуда аз ҷониби ҳайати омӯзгорон 16 номгӯ монография, 30 адад китоби дарсӣ ва 20 дастуру воситаҳои таълимӣ ва 405 мақолаву фиширдаи маърӯзаҳо рӯи чоп омаданд, инчунин, 1 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи номзадӣ, дар маҷмӯъ 7 рисола аз тарафи устодону аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ бо муваффақият дифоъ гардида, беш аз 13 нафари дигар аз марҳилаи пешдифоъ гузашта, мунтазири ҳимояи рисолаҳои хеш мебошанд. Донишгоҳ дар муқоиса ба дигар донишгоҳҳои олии кишвар мақом ва нуфузи мондагорро доро буда, донишҷӯёни донишгоҳ бо дониши қавӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона ширкат намуда, соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ ва донишгоҳ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи ифтихории 2-юм гардида, бо диплом қадрдонӣ карда шуд.

Дар қисмати хотимаи нишасти матбуотӣ ҷомеаи рӯзноманигорон ба суолу пешниҳодҳои хеш ҷавобҳои мушаххас ва дақиқ гирифта, сатҳи баргузорӣ ва фаъолияти шашмоҳаи донишгоҳро хело хуб баҳогузорӣ намуданд.

 

300.JPG - 572.79 Kb 301.JPG - 582.53 Kb 302.JPG - 506.50 Kb 303.JPG - 423.81 Kb

 

304.JPG - 502.95 Kb
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj