• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон, ёдам кунед!

 

49.JPG - 135.28 KbИмрӯз дар дар донишгоҳ бо иштироки устодони факултети химия маҳфили ёдбудии омӯзгори ҷавону кордон, марҳум Худоёрбекова Зебуниссо Партовиевна  баргузор гардид.

Сараввал,  сухани ифтитоҳиро бо ибрози таассуфу андӯҳ профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ Лутфулло Солиев оғоз намуда доир ба ҳаёти ин бонуи ҷавонмарги нексиришт чанд андешаи худро ҳамчун устоди ӯ, ҳамчун ҳамкасбу ҳамфикр баён намудаву изҳори он дошт, ки “Мо Зебуннисоро тарбият намудем, то тарбиятгар бошад, вале тахаллуси ин вожа барои ӯ доимӣ намонд  рисолаи номзадии  ӯ барои ҳимоя намудан куллан омода шуда буд ва як қатор мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар ба нашр расида буд, вале дареғо, ки умр барояш иктифо накард”. Инчунин, дар ин маҳфили ёдбудӣ,  профессори кафедраи химияи органикӣ Сироҷиддин Бандаев, декани факултет М.Усмонов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ. ва мудири кафедраи химияи органикӣ Гулов Т. вобаста ба ҳаёту фаъолияти ӯ андешаронӣ намуданд.

Худоёрбекова Зебуниссо Партовиевна 13.08.1977 дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим таваллуд шуда, солҳои 1995–2000 - ум дар факултети химия-биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ба номи С.Айнӣ) таҳсил намудааст. Аз соли 2005 то ба рӯзи марг ба ҳайси ассистенти кафедра, баъдан, муаллими калони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Зебуннисои марҳум чандин маротиба аз ҷониби Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳ бо ифтихорномаҳои “ОМӮЗГОРИ АСИЛ”, “Бонуи номии факултет” сарфароз гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки ин бонуи азизу латиф санаи 11.05.2020  бо сабаби бемории саратони шадид оламро падруд гуфта буд. Ҳазор  афсӯс, ки аҷал риштаи умри Худоёрбекова Зебуннисоро хеле тезу ногаҳонӣ бурид.

Хотираи неки Зебуннисои азиз дар дилу дидаи коллективи омӯзгорону кормандони Раёсати  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамеша боқӣ хоҳад монд!

 

Дареғо, чун гули бехор рафтӣ,

Ба сад осор, беозор рафтӣ!

 

 

47.JPG - 110.27 Kb 48.JPG - 97.76 Kb 50.JPG - 105.69 Kb 52.JPG - 93.03 Kb 53.JPG - 129.29 Kb 54.JPG - 123.44 Kb 55.JPG - 118.26 Kb 51.JPG - 136.45 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj