• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Оғози кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

122.png - 178.37 Kb16.09.2020 13:56, ноҳияи Ҷаббор Расулов

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд.

Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти тирамоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба андешаи мутахассисон ҳосилнокии тухмии мазкур аз 80 то 100 сентнериро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад.

Хоҷагӣ “Парандапарвар” ҳамасола дар заминҳои обии худ кишти сабзавот, полезӣ ва дигар меваю маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба рияои қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карданд.

Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои навии корӣ ва ба ин  восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маводи ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.

http://president.tj/node/23881

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj