• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Саразм-сароғози тамаддуни тоҷикон

1.JPG - 152.51 Kb

Дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ахтари дурахшони тамаддун падидор гардид. Яъне ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакент ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид карда шуда, ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия идома дошт, гирифта шуд. Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки саҳм ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан, шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад. Ҳамин буд, ки санаи 13-уми сентябри соли равон дар шаҳраки Саразм 5500-солагии ин ёдгории таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар ҳамин радиф, санаи 18-уми сентябр дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо ибтикори садорати факултети таърих конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Саразм-оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин конференсия директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ профессор Убайдулло Насрулло Каримзода, д.и.т. профессор Ҳамза Камол ва дигар профессорону меҳмонон аз АМИТ ташриф оварданд. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода баромад намуда, тамоми меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ табрику таҳният намуд. Мавсуф зимни суханрони қайд намуд, ки Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталифи Осиёи Марказиро таҷассум кардааст. Ҳамчунин мавсуф доир ба саҳми назарраси омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди корҳои кофтуковӣ дар Саразми бостонӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки соли сипаригардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетии донишгоҳ як қатор омӯзгорону донишҷӯёни факултети таърихи донишгоҳ ба ин мавзеи таърихӣ сафарбар карда шуданд, ки ҳадаф аз ин, аз наздик шинос шудани омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо таърихӣ қадимаи 5500 солаи халқи худ мебошад. Ва инак дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостон аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ китоби наве бо номи “Саразм-гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик” ба нашр расид, ки маҷмӯи мақолаҳои илмии омӯзгорони донишгоҳро дар бар мегирад. Сипас, профессор Убайдулло Насрулло Каримзода - директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар мавзӯи «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари таърихи бостони халқи тоҷик" баромад намуда, қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳқиқоти шаҳраки Саразм ба марҳалаи нав ворид гардид. Дар идомаи конференсия профессори варзидаи кишвар, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев дар мавзӯи «Саразм-сароғози шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон» маърӯза намуда, зикр кард, ки «Саразм қадамҷои бостоншиносони машҳури шӯравӣ А.М.Беленитский, В.М.Массон, Б.А.Литвинский, Р.М.Мун-чаев, А.А.Аскаров, Н.Н.Неъматов, бостоншиносони хориҷӣ Филипп Колл (ИМА), Анри Пол Фракфорт, Бертл Леонс (Фаронса), К.К.Ламберг-Карловский (ИМА) гардид. Онҳо дар дохили димна, толорҳо, иморатҳо, маъбадҳои Саразм қадам зада, бо асрори ин шаҳраки қадима шинос шуданд». Доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол дар мавзӯи «Сафарнома»-и Ибни Баттута ва аҳамияти он дар танвири авзои шаҳрҳои Мовароуннаҳри нимаи аввали садаи 14» суханрони намуда, зикр дошт, ки шаҳраки Саразм ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳамасола шаҳрвандони зиёди ватанӣ ва сайёҳони хориҷӣ ин мавзеи нотакрорро зиёрат карда, аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик баҳравар мегарданд. Ҳамин тариқ, бахши якуми конференсияи мазкур дар ҳамин ҷо ба итмом расида, бахшҳои дигари он дар факултети таърих, бо кӯшиш ва эҳтимоми декани факултет д.и.т. Ҳусейнов Аҳмад Қурбонович гузаронида шуд. Дар ҳошияи конференсия чанд акси хотиравии ҳайати профессорон ва омӯзгорону кормандон гирифта шуд.

 

1.JPG - 152.51 Kb 2.JPG - 215.51 Kb 3.JPG - 209.78 Kb 4.JPG - 127.38 Kb

5.JPG - 186.52 Kb 6.JPG - 209.43 Kb 7.JPG - 138.77 Kb 8.JPG - 210.11 Kb

9.JPG - 139.92 Kb 10.JPG - 137.45 Kb 11.JPG - 138.02 Kb 12.JPG - 156.48 Kb

13.JPG - 146.63 Kb 14.JPG - 140.42 Kb 15.JPG - 135.13 Kb 16.JPG - 139.40 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj