• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

Туро ин шаст бо ин шаст муборак

17.jpg - 75.71 Kb

 

Имрӯз шоир, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии вилоятии вилояти Суғд ба номи Қутби Киром, Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ  устод Равшани Ҳамроҳ ба синни мубораки шастсолагӣ расиданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ устоди арҷмандро ба ин рӯзи мавлуд табрик ва таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро барояш хоҳон аст.

Зодрӯз муборак бошад!

 

 

 

Туро ин шаст андар шаст муборак,

Туро ин ҳаст, андар ҳаст муборак.

Миёни мо туро сад соли дигар,

Ҷавонӣ чун гул андар даст муборак!

 

 

АЗ ДАФТАРИ ҒАЗАЛИЁТИ ШОИР


Дар ин дунё надидам домани поку намозиро,

Раҳо кардам зи каф домони ёрони маҷозиро.

Зи мискинхонаи олам дили ман сард мегардад,

Агар созӣ ту тарк ин шеваи мискиннавозиро.

Зи ашки дидагонат осиёби ишқ гардон кун,

Саратро хам кунӣ, фардо бубинӣ сарфарозиро.

Бирондӣ дар дилам бас ҳукму акнун навбати шодист,

Дигар, эй ғам, ту бар ин қалъа бас кун турктозиро!

Ниёзам мешавад бисёру нозат мешавад саршор,

Набошад интиҳо миқдори нозу бениёзиро.

Ба вазни дарди худ гуфтам ғазал, фардо агар хонанд,

Ба ҳайрат оварад Ватвоту Шамси Қайси Розиро.

Агарчи, Равшано, бозичаам дар панҷаи қисмат,

Зи бозиҳои дунё кардаам хуш ишқбозиро.

* * *

Гардун ба ҳоли музтари ман гиря мекунад,

Абраш мисоли хоҳари ман гиря мекунад.

Аз сар гузашт зиндагиву дил сиёҳ шуд,

Мӯйи сафед дар сари ман гиря мекунад.

Чашмаш ба чашми хираву рӯям фитад агар,

Ойина дар баробари ман гиря мекунад.

Эй ёр, ёри бачагт, ҳоло ту дар чӣ ҳол?

Номат миёни дафтари ман гиря мекунад.

Ҳар масхара ба масхара гирад лиқои ман,

Ҳар манзара ба манзари ман гиря мекунад.

Ногаҳ замин барад хабар аз ҳоли зори ман,

Дар зери хок модари ман гиря мекунад.

Оташ гирифт ин дили ҳамчун қаландарам,

Хокистару самандари ман гиря мекунад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj