• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ Ӯ...

49.JPG - 201.34 KbБоиси ифтихор аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик одамуш-шу-арро, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат имрӯз бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷик чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ... таҷлил гардид. Дар чорабинӣ устодону меҳмонони олиқадр ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Сараввал маҳфилро декани факултет доктори илмҳои филологӣ, профессор Рухшона Восиева бо ёдоварӣ аз ашъори сар то по панду ҳикмати устоди Рӯдакӣ ва замзамаи чунин мисраъҳо маҳфилро ҳусни оғоз бахшид:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Сипас, донишҷӯёни соли чоруми факултет барномаи фарҳангии хешро, ки аз чунин бахшҳо: маърӯза, қироати шеър аз ашъори шоир, суруди “Дило, то кай ҳамеҷӯи манеро”, саҳначаи ҳаҷвӣ аз ҳаёти шоир ва рақс иборат буд, манзури ҳозирин намуданд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ сухан ба устоди кафедраи назария ва таърихи адабиёт Элбоев Вафо дода шуд, ки ӯ дар бораи аҳамияти шеърҳои нав ба дастомадаи устод Рӯдакӣ, ки аз тарафи донишмандон дарёфт гардидааст, ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, дар меҳмонии барнома, яке аз журналистони шинохтаи кишвар, Корманди кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Убайдуллои Акрамзод иштирок ва сурудхонӣ намуданд. Ӯ бо дутори худ ғазали зебои “Бихандад лола бар саҳро, ба сонӣ чеҳраи лайло”- ро пешкаши ҳозирин намуд. Инчунин даъват ба амал овард, ки мо бояд пайваста аз шеърҳои шоир истифода барему маънавияти хешро бою ғанӣ гардонем.

Дар ҷамъбаст, декани факултет ба донишҷӯён барои баргузор намудани чунин маҳфили зебои фарҳангӣ изҳори сипос намуда, дар ҷодаи илмомӯзӣ барои эшон бурдбориҳо орзу намуд ва баҳри эшон аз забони шоир Рӯдакӣ гуфт, ки:

Ҷуз он нагӯямат, ки Рӯдакӣ гуфта,

Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

 

 

49.JPG - 201.34 Kb 48.JPG - 183.07 Kb 47.JPG - 256.73 Kb



 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj