• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Барномаи ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа

(Мулоҳизаҳо оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

 

Мусалламан дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳо ба ин мансаб барномаҳои пешазинтихоботии худро пешниҳод мекунанд. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои равандҳои ҷомеаи муосир, дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда таҳия гардида, тамоми масъалаҳои мубрами ҷомеаро дар худ ғунҷонидааст. Он аз ҳафт банд иорат буда, аз амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва масоили иқтисодӣ оғоз мегардад. Ин бесабаб нест, зеро рушди ҳар кишвар ба иқтидори иқтисоди он марбут аст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда,суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба ҳафт фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамалакат аз панҷ ҳазор сомонии соли 2013 ба 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд. Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид. Далелҳо шоҳиди онанд, ки иқтисоди мамлакат давра ба давра рушд мекунад ва Тоҷикистон ба давраи нави рушди иқтисодӣ ворид мегардад.

“Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ташаккул додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дошта, барои рушди бонизоми иқтисодии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон, ба хотири васеъ намудани фаъолияти занон дар рушди иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, идома додани сиёсати “дарҳои кушода”, рушди муносибатҳо бо кишварҳои минтақа, шарикони стратегӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз нуктаҳои меҳварии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз натиҷаи сиёсати пешгирифта ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, ҳампои ҷомеаи ҷаҳонӣ намудани Тоҷикистон, ба кишвари шукуфо ва саноатӣ табдил додани он, фароҳам овардани зиндагонии шоиста барои сокинони мамлакат, тарбияи мутахассисони мусаллаҳ бо донишҳои муосир, таҳкими сулҳ, ваҳдат ва созгории миллӣ, дар замири ҳамагон шуълавар намудани ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва меҳр варзидан ба ин зодбум, бо заҳмати рӯзафзун саҳмгузорӣ ба ободонии меҳан мақсади асосии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин нуктаҳо орзу ва ормонҳои чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ менамояд, чун чароғи роҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ хизмат мекунанд, Тоҷикистонро шукуфо ва миллати ин сарзамини куҳанбунёди тамадддунофарро бо имиҷи нав ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд кард.

Ногуфта намонад, ки пешрафти рӯзафзуни кишвари азизи мо на ба ҳама мақбул аст. Бадхоҳони ободии Тоҷикистон ин ҳама пешрафтро дидан намехоҳанд, раванди ободонии мамлакат ба чашми онҳо чун хор мехалад. Мо ҳамарӯза шоҳиди он мешавем, ки дар гӯшаву канори мамлакат даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Масалан, дар ҳафт соли сипаришаванда дар соҳаи мариф 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон,1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд. Таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи олии касбӣ таъсис дода шуд. Дар ҳафт соли охир беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд.

Зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ноҳияи Мастчоҳ 54 иншооти таъйиноти гуногун мариди истифода қарор гирифт. Дар 30 соли истиқлол наздики 30 ҳазор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Магар ҳамаи инро метарон нодида гирифт? Албатта шахсе, ки имону виҷдони пок дорад бояд чунин ободкориҳоро эътироф намояд, ҳатто агар душман ҳам бошад.

Вақтҳои охир гурӯҳе аз ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар тавассути васоити дурӯғпарокании хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби кишвар ва роҳбарияти он сангандозӣ намуда, дастовардҳои замони истиқлол, раванди ободонӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистонро нодида мегиранд. Мухолифони давлату миллат, ки 30 шабакаи иҷтимоиро дар ихтиёр доранд, мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷомеа таъсир расонида, тафаккури ҷомеаро дигар намоянд.

Феълан дар ҷумҳурӣ 3 ҳазор созмонҳои ҷамъиятӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ грант дарёфт менамоянд. Онҳо бар ивази ин “кори хайр” хостаҳои онҳоро амалӣ карда, дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, бавижа интихоботҳо фаъол ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд. Зеро ҷавҳари аслии сиёсат манфиат аст. Ҳамчунин 55 созмонҳои байналмилалӣ ба хотири манфиат маъракаҳои сиёсиро ба мушкилот гирифтор менамояд, ки намунаи он интихоботи Белорусия аст.Ба ин хотир, дар арафаи интихобот ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ тезутунд шудани муносибатҳо ҳам “кори сохта” ва ҳам амри воқеист. Сарманшаи фаъол гардидани мухолифини давлат ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сиёҳ намудани мақомоти олии мамлакатро аз ҳамин ҷо мебояд ҷӯст. Аз ин лиҳоз, дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд зиракии сиёсиро аз даст дод. Ҳар як интихобкунанда бо мутолиаи барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо амри виҷдон онҳоро таҳлил намуда хулоса барорад, ки кадоме аз онҳо барои пешрафти ҷанбаҳои гуногуни мамлакат ва фароҳам овардани зиндагонии шоиста мусоидат менамоянд. Ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додан маънои ба пешрафти Тоҷикистони озод раъй додан аст.

Ба назари мо, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз барномаҳои дигар номзадҳо бо мазмун, дарбаргирии маҷмӯи масъалаҳо, баррасии ниёзҳои ҷомеа, матраҳсозии дурнамои рушди мамлакат тафовути ҷиддӣ дорад. Хизмати содиқона ба миллат ва ба тариқи мусбат бозтоб намудани мавқеи давлат дар ҷаҳони муосир маҳаки асосии барномаи мазкур аст.

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа аст. Он аз рӯйи мазмун миллӣ ва аз рӯйи шакл демократӣ мебошад. Ҷонибдорӣ аз он ҷонибдорӣ аз сулҳу ваҳдат, ҷонибдорӣ аз пешрафту рушд ва дастгирии сиёсати қосиди сулҳу меъмори ваҳдати миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Нуъмонҷон Ғаффорӣ, доктори илмҳои таърих, профессор

Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филология, профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj