• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

КАМОЛ-ШОИРИ ШУҲРАТЁР

21.jpg - 85.89 KbИмрӯз, дар факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфиле ба хотири гиромидошти 700-солагии Шайх Камол Хуҷандӣ зери унвони “Камол-шоири шуҳратёр” баргузор гардид. Дар ин маҳфил ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н., мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ, муҳаққиқи осори Камоли Хуҷандӣ, шоир Абдуҷаббори Суруш ва устодону донишҷӯёни факултаи филогияи тоҷик ширкат намуданд.

Маҳфилро декани факултети филология профессор Восеева Р., ки дар саҳми баргузории маҳфилҳои факултет нақши назаррас дорад,  ҳусни оғоз бахшида, сухани навбатиро ба ректори донишгоҳ дод. Сипас, ректори донишгоҳ дар бораи саҳми устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар  таҳқиқу баррасии шахсият ва осори Шайх Камоли Хуҷандӣ суханронӣ намуда, аз декани факултети филология барои ташкили ин маҳфил изҳори ташаккур намуданд.

Инчунин шоир Абдуҷаббори Суруш дар бораи корҳои пажӯҳишии худ дар заминаи ашъори Камоли Хуҷандӣ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки барои навиштани “Фарҳанги Камоли Хуҷандӣ” зиёда аз бист соли зиндагии худро бахшидааст. Ҳамчунин, “Девони Камоли Хуҷандӣ”-и Абдуҷаббори Суруш яке аз нусхаҳои муътабари омодашуда дар заминаи нусхаҳои хаттӣ ва девонҳои то соли 2015 чопшуда, дониста мешавад.

Дар идомаи маҳфил профессор Исрофилниё Шарифмурод дар мавриди пажӯҳишҳои анҷомшуда дар бахши Камолшиносӣ аз даврони шӯравӣ то имрӯз суханронии пурмуҳтаво намуд.

Дар поёни маҳфил аз тарафи навозанда ва овозхони мумтози шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Озари Ориф якчанд суруд аз осори Шайх Камоли Хуҷандӣ иҷро шуда, табъи ҳозиринро болида гардонд.

Камол, аҳсант, гӯ бурдӣ ба ширингӯйӣ аз Хусрав!

Чунин тӯтӣ ба Ҳиндустон агар бошад, аҷаб бошад.

22.jpg - 127.10 Kb 16.jpg - 108.89 Kb 17.jpg - 79.34 Kb

18.jpg - 124.48 Kb 19.jpg - 73.23 Kb 20.jpg - 90.34 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj