There are no translations available.
Намоиши дастранҷи “Мактаби бачагонаи рассомӣ”
Санаи 3-юми октябри соли равон, дар гулгашти назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи рассомӣ»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбии омӯзгорон дастранҷи наврасонро ба намоиш гузошт. Намоиши мазкур аз соати 9:00 то 14:00 идома ёфт. Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода аз ин намоиши наврасону ҷавонон дидор ба амал оварда, миннатдории раёсати донишгоҳро ба Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи рассомӣ»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ҷиҳати иқдоми беназирашон дар арафаи Иди омӯзгор расониданд. Ҳамчунин аҳли раёсати донишгоҳ аз ин намоиш дидан намуданд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии мактаби мазкур - ин дарёфт ва инкишоф додани қобилияти эҷодӣ ва истеъдоди рассомии кӯдакон ва наврасон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ, интихоб ва аз худ намудани касби рассомӣ мебошад.
|