• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ЯТИМОНУ МАЪЮБОН

 

48.JPG - 257.55 KbДар асоси нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Амир Иброҳимзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Убайдуллои Шамсулло бо донишҷӯёни маъюб ва ятимони кулл баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ.М. суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфт. Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода низ суханронӣ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, бо нафарони мазкур доир ба мушкилотҳои ҷойдоштаашон озодона гуфту шунид намуд. Инчунин сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдуллои Шамсулло дар баромади худ қайд намуд, ки “Давлату Ҳукумати ҳамеша пуштибони чунин нафарон мебошанд ва дар ин радиф мо низ ҳамеша дар паҳлуи шумо ҳастем ва набояд шумо рӯҳафтода бошед”! Дар идомаи вохӯрӣ саволу ҷавобҳо доир ба мавзӯҳои тиббиву санитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаётии нафарони мазкур сурат гирифта, ҳамчунин ба шахсони ғолиб ва дигар донишҷӯёни ҳузурдошта, тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар фарҷом донишҷӯён низ миннатдории хешро ба ҳозирин ҷиҳати чунин як мулоқоти судманд баён намуданд.

 

 

48.JPG - 257.55 Kb 47.JPG - 248.39 Kb 49.JPG - 178.66 Kb

50.JPG - 197.30 Kb 51.JPG - 209.38 Kb 52.JPG - 219.46 Kb

53.JPG - 207.18 Kb 54.JPG - 202.04 Kb 55.JPG - 187.40 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj