• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Қадрдонии омӯзгорони донишгоҳ бо ифтихорномаи

КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ


56.jpg - 47.88 KbСанаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки доир ба натиҷаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд, Расулзода Насимҷон-роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мирзозода Иброҳим Холмурод- роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, Шарифзода Наргис Достӣ-муовини раиси ноҳияи И.Сомонӣ, Парвина Меликова-вакили МН МО ҶТ, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ –шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода-аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва як қатор омӯзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ дар ин ҷаласа иштирок намуданд. Дар идомаи ҷаласаи мазкур роҳбарони Ситоди шаҳриву ноҳиявӣ, шахси боэътимоди номзад ва масъулини ситод аз дастгирии ҳизбиёни ноҳия аз номи Роҳбарияти олии ҲХДТ миннатдорӣ намуданд. Дар фарҷом барои хизматҳои шоён ва саҳми муносиб дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нафар фаъолон бо сипосномаву ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз он ҷумла 5 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ифтихорномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 

56.jpg - 47.88 Kb 57.jpg - 43.26 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj