• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ИСТИҚЛОЛИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

32.JPG - 132.21 KbРӯзи 16.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯён семинари илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси муовини ректор оид корҳои ба илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир ба роҳ монда шуда, нахуст сухан дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории навини тоҷикон рафт. Масъалаи дигаре, ки баррасӣ гардид ин таъмини амнияти миллии кишвар, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот, амнияти озуқаворӣ ва омилҳои паҳншавии бемории сироятии COVID – 19-ро дар бар мегирад. Сипас, аз тарафи меҳмонон: мудири кафедраи фарҳангшиносии донишгоҳ  н.и.ф., дотсент Зикирзода Ҳобил, дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқлоли ҷомеаи мутамаддини тоҷик”, д.и.б., профессор Носирова Фирӯза Юсуповна доир ба “Бехатарии амнияти озуқаворӣ” ва д.и.б., профессор Саидов Саидбек Сатторович дар мавзӯи “Бемории сироятии COVID – 19” ва роҳҳои пешгирии он” маърӯзаҳо шунида шуд.

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузории чорабинӣ.

27.JPG - 99.82 Kb 28.JPG - 152.92 Kb 29.JPG - 169.74 Kb

30.JPG - 135.46 Kb 31.JPG - 113.45 Kb 32.JPG - 132.21 Kb

33.JPG - 140.88 Kb 34.JPG - 114.89 Kb 35.JPG - 112.60 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj