• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ФАЪОЛИЯТИ УМУМӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОЗАНАШРИ МАМАДҶОН МАХКАМОВ ДАР ЗАРФИ ЯК СОЛИ ОХИР


53.png - 66.28 KbМаҳкамов Мамадҷон (тав. 7.09.1951, деҳаи Понғози н. Ашт). Номзади илмҳои педагогӣ (1993), дотсент (2001). Соли 1974 факултети механикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм карда, дар вазифаҳои лаборанти калон (1974-1975), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии таълими програмавии донишгоҳ (1975-1980) кор кардааст.

Солҳои 1986-1989 аспиранти ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математика (1980-1997, 2002, 2006-2007, 2013), мудири кафедраи методикаи таълими математика (1997-2000), сардори шуъбаи таълим (1997-2000, 2002-2006)-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва солҳои 2000-2002 дар Маркази идораи лоиҳаи кредитӣ дар соҳаи маориф ВМ-и ҶТ ва бонки ҷаҳонӣ, аз 1-уми августи соли 2007 ҳамчун сардори Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 16.06.2008 то 1 феврали соли 2011 муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМ-и ҶТ кор кардааст.

Аз 1-уми феврали соли 2011 мутахассиси пешбари Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1-уми октябри соли 2011 то 1-уми августи соли 2013 дар Маркази миллии тестии назди ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис, аз 27-уми августи соли 2013 то 15-уми декабри соли 2013 дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз 16-уми декабри соли 2013 то 15.10.2014 сардори Раёсати таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз 15.10.2014 то 26.08.2015 мушовири ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва аз 26.08.2015 то имрӯз ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад.

Дар давраи донишҷӯӣ, солҳои 1973-1974 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии равияи физикию математикии №2 ба сифати омӯзгори математика фаъолият намудааст.

Ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Ташаккули методҳои ҷамъбасткунӣ дар ҳалли муодила ва нобаробариҳо дар курси алгебраи мактабҳои асосӣ» зери роҳбарии профессор В.И. Крупич дар Шӯрои дифои рисолаҳои докторию номзадӣ дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва ба номи В.И.Ленин (21.05.1993) дифоъ менамояд.

Бо ордени Шараф дараҷаи II (с. 2004), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с. 1999), ифтихорномаи фахрии КМ ВЛКСМ (с. 1983) ва бо бисёр грамотаҳо қадр карда шудааст.

Маҳкамов Мамадҷон - ба тадқиқи такмили проблемаҳои методикаи таълими математика, махсусан ба ҷустӯҷӯи тарзҳои гуногуни масъалаҳо машғул шуда, то имрӯз муаллифи зиёда аз 335 номгӯи корҳои илмию методӣ, аз ҷумла 147 дастури таълимию методӣ (бо нашрҳои такрорӣ) ва 189 мақолаву фишурдаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавист.

Иштирокчии конференсияи байналмилалӣ дар ш. Боку (ноябри соли 1986) оид ба татбиқи мошинҳои электронии ҳисоббарор дар имтиҳони қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, дар семинари байналмилалӣ дар ш.Фарои Португалия (ноябри соли 2013) бо маърӯзаи илмӣ баромад кардааст.

Сентябри соли 2019 дар семинари байналмилалии илмӣ дар ш. Самараи Федератсияи Россия иштирок карда, дар мавзӯи “Формулаи умумӣ барои ёфтани решаҳои муодилаи дараҷаи чорум” маърӯза кардааст.

М.Маҳкамов оид ба ҷорӣ намудани тестҳо аз рӯйи комплекси саволҳои пӯшида, мувофиқат, кушода ва барқарор кардани пайдарпайии дуруст дар Донишгоҳ саҳми арзанда гузошта, онро дар имтиҳонот татбиқ намудааст, ки боиси пайравӣ ва татбиқи онҳо дар фаъолияти донишгоҳҳо ва МТМУ гардидааст.

Инчунин дар тартиб додани масъалаҳо барои Олимпиадаҳои Ҷумҳуриявӣ аз математика барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, тартиб додани масъалаҳо ва баргузории олимпиада аз соли 1973 то имрӯз ҳамчун узви ҳакамон (1973, 1994, 1995, 2010, 2011-2019) ва шахси масъул иштирок кардааст.

М.Маҳкамов дар баргузорӣ ва ташкил намудани «Маҳфилҳои математикони ҷавон» дар факултети математика аз соли 1980 то имрӯз фаъолона иштирок дошта, барои гузаронидани «Маҳфилҳои математикони ҷавон» ва «Олимпиадаҳои математикони ҷавон» мувофиқи маводи он якчанд китобу дастурҳо омода намуда, ба нашр расонидааст.

Аз соли 2012 то ҳол ҳамчун мутахассиси Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМ-и ҶТ ба сифати ҳамкор фаъолият дорад.

М.Маҳкамов дар такмил, таҳия, ташхису татбиқи нақшаҳои таълимии дараҷаҳои маълумоти бакалавр, мутахассис ва магистри донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад.

Аз соли 2019 аъзои Шӯрои машвариатии маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” аст.

Ас.: Cупоришҳо барои санҷиши дониши математикӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 1991; Роҳнамои математикаи мактабӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 1995, 2004; Ҳалли масъалаҳои математикӣ барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 1996; Методҳои ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ, Д., 1999, 2017, 2019; Тарзҳои гуногуни ҳалли муодилаҳои дараҷаи 3 ва 4, Д., 2002, 2015; Методҳои ҳалли муодилаҳои ратсионалӣ, Д., 2002, 2016, 2017; Методҳои ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ, Д., 2012, 2017, 2018; Математика (бо шариктаълифӣ), Д., 2003; Ҳалли масъалаҳо бо ёрии тартибдиҳии муодилаҳо (бо шариктаълифӣ), Д., 2004; Методҳои ҳалли масъалаҳои матнӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2016; Тарзҳои гуногуни табдилоти ифодаҳои тригонометрӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2005; Ҳалли масъалаҳо аз математика (аз имтиҳони хатми синфҳои 9 ва 11-уми солҳои 2002- 2007), (бо шариктаълифӣ), Д., 2008; Роҳнамои математика (бо шариктаълифӣ), Д., 2009, 2011, 2012, 2014, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020; Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2010, 2016, 2017; Ҳалли масъалаҳои математикаи синфи 6 (бо шариктаълифӣ), Д., 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018; Математика. Ҳалли масъалаҳои синфи 5 (бо шариктаълифӣ), Д., 2016, 2017, 2019; Роҳнамои нақшаҳои таълим (бо шариктаълифӣ), Д., 2011; Асосҳои математикаи мактабӣ. Намунаи ҳалли масъалаҳо ва сурпоришҳои тестӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2013; Математика. Супоришҳои тестӣ барои синфи 4 (бо шариктаълифӣ), Д., 2013, 2014, 2016, 2018; Математика. Супоришҳои тестӣ барои синфи 5 (бо шариктаълифӣ), Д., 2014, 2015, 2019; Математика. Супоришҳои тестӣ барои синфи 6 (бо шариктаълифӣ), Д., 2014, 2016, 2018; Математика. Тестҳо барои дохилшавандагон, Д., 2015; 25 тарзи ҳалли муодилаҳои квадратӣ, Д., 2015, 2017; Практикуми математикаи мактабӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2016; Математика (бо шариктаълифӣ), Д., 2016; Алгебра. Саволу масъалаҳои тестӣ барои синфи 7 (бо шариктаълифӣ), Д., 2017; Масъалаҳои ғайристандартӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2017; Маҳфили математикони ҷавон (бо шариктаълифӣ), Д., 2018; Методҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ, Д., 2018; Таърихи математика: ҷустуҷӯи тарзҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2018; Асрори ададҳо (бо шариктаълифӣ), Д., 2019; Математика. Ҳалли масъалаҳои тестии ИМД. Қисми якум (бо шариктаълифӣ), Д., 2019; Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ (бо шариктаълифӣ), Д., 2019; Нишондодҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои озмоишӣ аз практикуми ҳалли масъалаҳои математикӣ ва методикаи математика (бо шариктаълифӣ), Д., 2019; Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ. Синфҳои 5-7 (бо шариктаълифӣ), Д., 2019; Роҳнамои геометрия: формула ва нақшаҳо, Д., 2020; Математика: тайёрӣ ба олимпиада (бо шариктаълифӣ), Д., 2020; Алгебра. Масъалаҳои мушкил. Синфи 11 (бо шариктаълифӣ), Д., 2020; Тарзҳои гуногуни ҳисобкуниҳои шифоҳӣ, Д., 2020; Алгебра: Ҳалли масъалаҳо. Синфи 7 (бо шариктаълифӣ), Д., 2020; Методҳои ҳалли системаи муодилаҳо, Д., 2020; Тарзҳои гуногуни табдилоти ифодаҳои алгебравӣ, Д., 2020; Геометрия. Ҳалли масъалаҳо (бо шариктаълифӣ), Д., 2020; Ҳабдаҳ муодилае, ки оламро тағйир додааст (бо шариктаълифӣ), Д., 2020; Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ. Комплекси таълимию методӣ. Д., 2019, 2020.

 

 

 

47.jpg - 84.36 Kb 48.jpg - 53.78 Kb 49.jpg - 77.90 Kb 50.jpg - 72.50 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj