• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ОМОДАГИХО БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

58.JPG - 271.80 KbИмсол шуруъ аз нимаи дуюми моҳи ноябр боду ҳавои номусоид дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба назар гирифта шудааст. Боридани барфи навбатӣ ба донишгоҳ ҳусну таровати зиёдеро зам намуд. Шохаҳои дарахтони пур аз барф, замини сап-сафед ва рафтуомади одамон дар зери барф аҷоиб саҳнаест, ки аз тамошои он сер нахоҳӣ шуд. Аммо боридани барф бархе аз шохаҳои хушки дарахтонро шикаст. Бинобар ин кормандони қисми хоҷагии донишгоҳ сари вақт шохаҳои пур аз барфро барои аз вазни барфи навборида нашикастани тану шохашо такон доданд. Ҳамчунин роҳравҳои саҳни донишгоҳро низ зуд зуд аз барф тоза намуданд. Оғози фасли сармо кори сохторҳои донишгоҳро мушкилтар мекунад, аммо муовини ректор оид ба қисми  хоҷагӣ Мардонзода Саҷаралӣ дар рафти суҳбати сарироҳӣ таъкид дошт, ки дар ҳоли ҳозир тамоми факултетҳои донишгоҳ бо оби гарм таъмин мебошанд ва донишгоҳ ба барои зимистонгузаронӣ пурра омода мебошад.

 

 

55.JPG - 305.96 Kb 56.JPG - 308.20 Kb 57.JPG - 321.92 Kb 59.JPG - 280.48 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj