• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

75.JPG - 171.65 KbСубҳи имрӯз, 20.11.2020 дар толори бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ комиссияи аттестатсионӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи иттифоқи касабаи Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳайати Комиссия ҷиҳати аз аттестатсия гузаронидани кормандони шуъба ва кафедраҳои техникӣ, табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин омӯзгори забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ, романӣ-германӣ ва франсузии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе аз 5 нафар иборат буд:

1.  Абдуллозода Масрур – (раиси комиссия) мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

2.  Ибодуллозода Аҳлиддин – (котиби комиссия) мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.  Қодирзода Диловар – (узви комиссия) муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.  Саидзода Шоҳин – (узви комиссия) директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм

5.  Одиназода Рамазон – (узви комиссия) раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шурӯъ аз соати 8:00 комиссия кори худро оғоз намуда, нахуст ҳамаи омӯзгорони факултетҳои химия ва биология аз комиссия гузаштанд. Инчунин гурӯҳи кории тахасссусӣ ташкил карда шудааст, ки вобаста ба ихтисос бо ҳар як омӯзгор саволу ҷавоб анҷом медиҳанд.  Дар комиссия доир ба самтҳои илм, таълим ва тарбия диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Махсусан потенсиали илмии ҳар як кафедра ва факултети донишгоҳ аз назар гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки комиссия дар донишгоҳ ду рӯз (20-21) идома ёфта, тамоми факултетҳои дахлдори донишгоҳ аз назар гузаронида мешаванд.

 

Суратгузориш аз рафти Комиссияи аттестатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

75.JPG - 171.65 Kb 76.JPG - 220.13 Kb 77.JPG - 187.18 Kb 78.JPG - 151.86 Kb 79.JPG - 187.32 Kb 80.JPG - 188.29 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj