• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН


1.JPG - 165.91 KbСанаи 30.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯдухтарон вохӯрӣ гузаронида шуд. Меҳмонон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломзода Боғигул, Акобирова Ҷавоҳир, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилбекиён Сатрина, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, капитани милитсия Шарифзода Нигора, намояндаи Вазорати тандурустӣ Кулобиева Раъно, мутахассиси бахши кор бо занони ноҳияи И.Сомонӣ Давлатзода Умеда, корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон Насриддинов Ҳукмиддин иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон афзуданд, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи эшон омилҳои зикргардида дар Тоҷикистони азизи мо кам ба назар мерасад.

 

1.JPG - 165.91 Kb 2.JPG - 142.19 Kb 3.JPG - 234.70 Kb

4.JPG - 216.10 Kb 5.JPG - 222.45 Kb 6.JPG - 203.93 Kb

7.JPG - 162.59 Kb 8.JPG - 109.81 Kb 9.JPG - 152.00 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj