• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

 

171.JPG - 253.10 Kb

18 декабри соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро аташейи фарҳангии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Роже ва ёрдамчии сафири Фаронса Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п., дотсент Аъзам Байдуллоев, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ д.и.п., Зарина Сайфуллоева ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ дотсент Султонзода Соқӣ Аслон дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифтанд. Дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ  нахуст, ректори донишгоҳ ҳузӯри меҳмонони олиқадрро ба ин боргоҳи илму маърифат муборак дониста, аз фаъолияту дастовардҳои олимони донишгоҳ андешаронӣ намуд. Сипас сафири фавқулода ва мухтори Фаронса Мишел Таран перомуни омӯзиши забон ва фарҳанги мардуми Фаронса, даъват намудани омӯзгорони касбӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, фиристодани омӯзгорону донишҷӯёни донандаи забони фаронсавӣ ба ин кишвар чиҳати беҳтар шудани сатҳи забондонии онҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ сухан ронд. Дар ҷамъбаст, аз ҷониби ректори донишгоҳ ба сафири Фаронса тӯҳфаи рамзие бо самимияту иродатмандии хоса супорида шуд.

 

Суратгузориш аз рафти мулоқот:

 

168.JPG - 240.54 Kb 171.JPG - 253.10 Kb 172.JPG - 242.01 Kb 173.JPG - 189.28 Kb

174.JPG - 147.67 Kb 175.JPG - 171.16 Kb 176.JPG - 211.50 Kb 177.JPG - 245.87 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj