• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

2.JPG - 181.21 KbРӯзи 7-уми январи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси декани факултет, дотсент Умаров У.С  ва мудири кафедраи методикаи таълими физика, инчунин бо иштироки омӯзгорони тахассусманди соҳаи физикаи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, машварати январии омӯзгорон баргузор гардид. Ҷаласа бо суханронии декани факултети физика, дотсент Умаров У.С. оѓоз гардида, меҳмонону иштирокчиёнро ба факултети физикаи донишгоҳ хайрамақдам намуда, баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро дар амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, заминаи мусоид арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа сармутахассиси раёсати таҳияи тестҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусравбеков Л.Д. дар мавзӯи «Таҳлили натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ аз фанни физика», муаллимони калони кафедраи методикаи таълими физика Сафаралӣ Авлиёқул дар мавзӯи «Проблемаҳои таълими астрономия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Мавлонов И.Ш доир ба «Методикаи намоиши таҷрибаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» маърӯзаҳо ироа гардид.

Дар ҷамъбаст, байни иштирокчиён суолу ҷавоб баргузор шуд, ки маърӯзачиён ба саволҳои омӯзгорон ҷавобҳои қаноатманд доданд. Аҳли нишаст ба хулосае омаданд, ки воқеан ҳам: “Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад”.

 

2.JPG - 181.21 Kb 3.JPG - 179.02 Kb 4.JPG - 148.63 Kb 5.JPG - 165.69 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj