• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАБИБО, НАБЗИ МОРО ТУ САРОБОН

18.JPG - 159.11 KbДармонгоҳи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, яке аз зерсохтори қисми хоҷагӣ ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза фаъолияти худро ҷиҳати солимгардонии устодону кормандон ва донишҷӯёну дигар муроҷиаткунандагон дар доираи  оинномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар дармонгоҳ мутахассисони касбӣ аз қабили: духтури бемориҳои дарунӣ, чашм, гулӯ ва гӯшу бинӣ, дандонпизишк, ултрасадо, духтури амрози занона, функсионалист, доругузаронӣ ва утоқи бақайдгирӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ҳоло дармонгоҳ бо 7 нафар табиб ва 4 нафар ҳамшираи шафқат зери роҳбарии мудири  дармонгоҳ  О.Камолова фаъолият хуб ба роҳ мондааст, ки ҳамеша аз вазъи саломатии донишҷӯёни хобгоҳҳо, вазъи беҳдоштӣ  дар биноҳои таълимӣ, риояи гигеенаи шахсии кормандони донишгоҳ дидан менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки ҳамарӯза то сад нафар ба ин дармонгоҳ муроҷиат намудаанд, ки дар дафтари қайди утоқи бақайдгирӣ  дарҷ гардидааст. Дар баробари ин  тибқи ҷадвали баргузорӣ тамоми кормандони донишгоҳ дар давоми чанд рӯзи охир дар  дармонгоҳи мазкур  аз комиссияи тиббӣ гузаронида шуд. Кормандони ин муассисаи тиббӣ ҳамарӯза баҳри  беҳбудии вазъи саломатии ҷомеа кӯшиш  ба харҷ медиҳанд.

 

 

 


14.JPG - 141.07 Kb 16.JPG - 166.50 Kb 17.JPG - 157.00 Kb

19.JPG - 171.86 Kb 20.JPG - 177.28 Kb 21.JPG - 165.10 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj