• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЗИМИСТОН МЕКУНАД, ҲАР ДАМ ЗИМИСТОНӢ

24.jpg - 49.12 KbЗимистони имсола аз зимистонҳои солҳои қаблӣ бо хусусияти барфборандагӣ фарқкунанда аст. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои  гузаронидани зимистони имсола тадбирҳои судманд андешида шудааст. Кормандони қисми хоҷагӣ аз субҳи содиқ ба тоза кардани барфи роҳраву саҳни биноҳои таълимии донишгоҳ оғоз намуда, барои тозанигаҳдории пайроҳаҳои канори роҳи марказӣ низ саҳм мегузоранд. Таконидани шохаҳои дарахтон, рӯфтани зинапояҳои мармарӣ, пошидани намаки махсус байни гузаргоҳҳои биноҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандони самти мазкур ҷиҳати ғамхорагии  вазъи саломатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад, ки ин ҳама зери дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ д.и.т. профессор Усмонзона Н.У. қарор дорад.

Боиси зикр аст, ки тибқи пешгӯии идораи Обу ҳавосанҷӣ, тӯли чанд рӯзи дигар дар ҷумҳурӣ ҳавои сарду сербориш ба назар гирифта шудааст.

Аз ин рӯ, аз ҳамаи донишҷӯёну устодон ва кормандони донишгоҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бе зарурият ба самти роҳҳои душворгузару тӯлонӣ ба сафар набароянд ва дар фикри нигаҳдориву беҳдошти вазъи саломатии худ бошанд.

 

 

22.jpg - 39.48 Kb 23.jpg - 45.15 Kb 24.jpg - 49.12 Kb 25.jpg - 39.71 Kb

26.jpg - 43.05 Kb 27.jpg - 43.94 Kb 28.jpg - 48.97 Kb 29.jpg - 46.16 Kb

30.jpg - 45.91 Kb 31.jpg - 41.68 Kb 32.jpg - 29.54 Kb 33.jpg - 42.23 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj