• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ САРДОРИ РАЁСАТИ ВКД БО

ДОНИШҶӮЁНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ


6.jpg - 31.94 KbРӯзи 25-уми феврали соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зимни суханронии худ ҳозиринро хушомадед намуда, аз саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ибрози андеша намуда, ба фаъолияти шабонарӯзиву хастанопазири кормандони милитсия изҳори сипос намуд. Сипас, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ доир ба хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм, ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам андеша ронд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба як қатор донишҷӯёни фаъол, ки ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

6.jpg - 31.94 Kb 5.jpg - 27.60 Kb 3.jpg - 46.40 Kb

9.jpg - 73.46 Kb 8.jpg - 38.72 Kb 2.jpg - 27.58 Kb4.jpg - 39.96 Kb 1.jpg - 39.43 Kb 10.jpg - 28.84 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj