• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮДУХТАРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

5.jpg - 76.85 KbРӯзи 24-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фестивали шаҳрии “Чакомаи гесӯ” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Нахуст иштиркочиёни фестивал аз намоиши анвои гуногуни ороишоти миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯю рӯй ва ғайра, ки аз ҷониби занону бонувони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва И.Сомонӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад намуда, ҳадафу мақсади баргузории фестивалро тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши муй, ороишу пардози руй ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ аз қабили муйбофон зулфандозӣ ҷамолакбандию кокулбофӣ маънидод намуд.

Боиси хушнудист, ки “Шоҳҷоиза” насиби донишҷӯдухтари донишгоҳ Назарова Нилуфар гардид. Дар фарҷоми фестивал ғолибон бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 

 

1.jpg - 78.21 Kb 2.jpg - 93.07 Kb 3.jpg - 137.90 Kb

6.jpg - 97.99 Kb 4.jpg - 91.12 Kb 8.jpg - 142.23 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj