• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

11.JPG - 241.47 KbРӯзи 16-уми марти соли 2021 дар толори варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи волейбол, ки байни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили “Рӯзи бонувон” баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Бояд зикр кард, ки дар баргузории чорабини варзишии мазкур саҳми устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ зери роҳбарии профессор Тошқул Намозов ва муовинони деканони факултетҳо оид ба қисми тарбия хеле назаррас мебошад.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби донишҷӯдухтарони факултети таърих, ҷои дуюм факултети география ва ҷои сеюм насиби факултети физика гардид. Ғолибони мусобиқа дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 

 

 

10.JPG - 201.51 Kb 11.JPG - 241.47 Kb 12.JPG - 221.96 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj