• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

АВАНГАРДОН – ПЕШСАФОНИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ МИЛЛАТ!

2.JPG - 119.09 Kb

Санаи 1- уми апрели соли ҷорӣ дар асоси банди 3-юми нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони"Авангард"-и ШВКД- и н. Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба баргузории сӯҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар ибтидо бо донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти фарогир аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони"Авангард"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат- вохӯрӣ таҳти унвони “Авангардон – пешсафони имрӯзу ояндаи миллат”баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур намояндаи ШВКД дар н. Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Ҳайдарзода Мастура, раиси Шӯрои духтарони гурӯҳи ҷавонони "Авангард"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон Омина Табарова, раиси Шӯрои духтарони гурӯҳи ҷавонони"Авангард"- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижа Азизова, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ М. Абдураҳмонов, роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонов ва устодону донишҷӯён ширкат доштанд. Нахуст, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Қ.Иброҳимов меҳмононро ба ин махзани илму дониш хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Раиси Шӯрои духтарони гурӯҳи ҷавонони "Авангард"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон Омина Табарова дод. Мавсуф зимни суханронӣ оид ба фаъолияти ҷавонони Авангард ба донишҷӯён маълумот дода, мақсаду маром ва вазифаҳои ҷавонони ин гурӯҳро ба ҳамагӣ  шарҳ дод. Ҳамчунин доир ба хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ, ифротгароии хушунатомез ва дитгар масъалаҳои мубрам сухан гуфт. Сипас, дар идомаи вохӯри намояндагон бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд. Бояд қайд намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо бо ҳама факултаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша ба роҳ монда шуда, то санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 

2.JPG - 119.09 Kb 1.JPG - 198.16 Kb 3.JPG - 176.91 Kb

4.JPG - 121.35 Kb 5.JPG - 215.65 Kb 6.JPG - 135.56 Kb

7.JPG - 131.52 Kb 8.JPG - 92.36 Kb 9.JPG - 168.91 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj