• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЭЪЛОН!

10.jpg - 83.39 KbБа таваҷҷӯҳи донишҷӯён ва магистрон расонида мешавад, ки бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илму истеҳсолот, баҳри амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар донишгоҳ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.

 

Аз ин рӯ, хоҳишмандон метавонанд, ки  дар бахшҳои зерин ширкат варзанд:

—     Математика (арифметика, алгебра, геометрия);

—     Физика ва астрономия;

—     Химия;

—     Биология (ботаника, зоология, анатомия);

—     География;

—     Технологияи иттилоотӣ;

—     Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Ғолибони даври аввали озмун бо маблағ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаву ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.

Таваҷҷуҳ: Иштирокчиёнро лозим аст, ки дар бахши интихобнамудаашон, ба унвони декани факултет ариза пешниҳод намоянд.

 

Ҷадвали баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии

«Илм-фурӯғи маърифат»

Бахш

Макони баргузорӣ

Санаи баргузорӣ

Факултет

1

География

география

05.04.2021

(соати 10:00)

2

Биология (ботаника, зоология, анатомия)

биология

07.04.2021

(соати 10:00)

3

Химия

химия

08.04.2021

(соати 10:00)

4

Физика ва астрономия

физика

08.04.2021

(соати 10:00)

5

Технологияи иттилоотӣ

математика

10.04.2021

(соати 10:00)

6

Ихтироъкорӣ ва навоварӣ

физика

10.04.2021

(соати 10:00)

7

Математика (арифметика, алгебра, геометрия)

математика

10.04.2021

(соати 10:00)

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj