• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҲАМОИШИ ХОТИРМОН ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОН

6.JPG - 202.44 KbРӯзи 21-уми апрели соли 2021 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи илмиву назариявии устодон баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра, профессор Саидмуроди Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Рушди забони тоҷикӣ ва таҳаввули таълими он дар замони истиқлол” маърӯза кард. Омилҳои паст будани сифати дониши хаттии донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва баҳси пурдоманаи илмӣ қарор гирифт. Ба фикри профессор Хоҷазод, ин ду ҷанба дорад: аввалан тағйирот дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки соли 2011 сурат гирифт, қолаби муназзами имлои забони тоҷикиро аз байн бурд ва боиси  хараҷу мараҷ ва саргумзании ҷомеа шуд, ки ин раванд то ҳол давом дорад. Дуюм, дар низоми таълими кредитӣ ташаккул наёфтани нутқи шифоҳӣ ва дониши хаттии хонандагону донишҷӯён, ҳосил накардани донишиҳои фарогир, сайқал наёфтани фикр ва кундии андеша ба мушоҳида мерасад. Қабули қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва омезиши хусусиятҳои хубу ҷолиб ва самарабахши таълими анъанавӣ бо низоми кредитӣ роҳи бурунрафт аз ин мушкилот арзёбӣ шуд.

“Тоҷикпарастӣ дар осори устод Садриддин Айнӣ” унвон дошт маърӯзаи номзади илмҳои филология, дотсент Хокироев Ризо, ки баъди ироаи он баҳси гарми густурда вобаста ба ин мавзӯъ сурат гирифт. Навгонии маърӯза дар он буд, ки дар мавриди нахустин бор истифодаи вожаи “тоҷик” дар таълифоти ин фарзонафарзанди миллат фактҳои тозаи илмӣ баён гардид.

Муаллими калони кафедра Неъматова Дилафрӯз мавзӯи “Калимасозии исм дар осори Лоиқ Шералӣ”-ро мавриди баҳси илмӣ қарор дод. Тозакориҳои ин шоири ширинкалом дар ҷодаи сохтани вожаҳои нав ва ба ин васила таровати тоза пайдо намудани осори шоир бо мисолҳо таъкид шуд.

Дар гузориши ассистент Ҳанифаи Муҳаммадохир бо номи “Вижагиҳои резаҳикояҳои Сорбон” масъалаи ғунҷонидани маъниҳои васеъи рӯзгори кунунӣ дар қолаби ҳикоя ва салиқаи ҳунарии нависанда дар ин жанри адабӣ матраҳ шуд.

Ассистенти кафедра Зокиров Хусрав бо қироати пораҳо аз ашъори Аҳмади Суҳайлӣ махсусияти забонии осори ӯро тавзеҳ дод.

Тасмим гирифта шуд, ки маърӯзаҳои конференсия дар шакли маҷмӯаи вижа  интишор гардад.

 

 

6.JPG - 202.44 Kb 7.JPG - 210.33 Kb 8.JPG - 208.97 Kb 9.JPG - 188.23 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj