• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

“ҶИЛО” ҲАМ, ЯК ҶИЛОЕ КАРД

22.JPG - 218.65 KbНимаи дуюми санаи 23-юми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 – солагии донишгоҳ бо иштироки  меҳмонон, ҳакамон ва устодону кормандони донишгоҳ барномаозмуни “Ҷилои ахтарон” байни донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забони англисӣ баргузор гардид. Барномаи озмуни мазкур аз 6 бахш иборат буда, дар он саломнома, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ, саволу ҷавоб, бахши латифахонию саҳначаи ҳаҷвиро дар бар мегирифт. Боиси зикр аст, ки ин чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ҳар ду даста ҳам, дастаи факултети филологияи тоҷик бо номи “Ҷило” ва дастаи факултети забони англисӣ бошад, зери унвони “Антивирус” ҳунарнамоӣ карданд, ки хеле ҷаззобу хотирмон буд. Аъзои ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳарду даста одилона баҳогузорӣ намуданд. Дар ҷамъбаст  Иброҳимзода Амир – мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи И.Сомонӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати бартариву камбудиҳои ҷойдоштаи ҳарду даста андешаронӣ намуда, ба дастаи “Ҷило”-и факултети филологияи тоҷик 72 хол ва ба дастаи  “Антивирус”- и факултети забони англисӣ 70 холро муносиб донист.

Инчунин дар фарҷом ректори донишгоҳ д.и.т., профессор  Ғаффорӣ Н.У., ба ҳунарнамоии ҳарду даста ва холгузории одилонаи аъзои ҳакамон аз номи раёсати донишгоҳ изҳори ташаккур намуд.

 

 

Суратгузориш аз рафти озмун:

1.JPG - 215.70 Kb 2.JPG - 223.18 Kb 3.JPG - 190.33 Kb 4.JPG - 303.65 Kb

5.JPG - 181.68 Kb 6.JPG - 180.64 Kb 7.JPG - 238.03 Kb 8.JPG - 210.01 Kb

9.JPG - 259.16 Kb 10.JPG - 249.98 Kb 11.JPG - 244.74 Kb 12.JPG - 275.87 Kb

13.JPG - 234.41 Kb 14.JPG - 207.12 Kb 15.JPG - 215.44 Kb 16.JPG - 230.32 Kb

17.JPG - 216.18 Kb 18.JPG - 192.43 Kb 19.JPG - 203.30 Kb 20.JPG - 123.25 Kb

21.JPG - 128.94 Kb 22.JPG - 218.65 Kb 23.JPG - 195.51 Kb 24.JPG - 209.44 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj