• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЗАБОН ВА ФАРҲАНГ ПУШТУ ПАНОҲИ ЯКДИГАРАНД

23.JPG - 168.52 KbРӯзи 5-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносии миллӣ” бахшида ба 90-солагии олим ва забоншиноси барҷаста Шарофиддини Рустам бо иштироки олимону донишмандони соҳаи илми филология, пайвандон, шогирдону дӯстон ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону ҳозиринро табрик ва хуш омадед намуд. Сипас мудири кафедраи мазкур, н.и.ф., дотсент Сулаймонов Искандар Одинаевич дар мавзӯи “Забоншиноси маъруф” доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари олим ва донишманди камназир Шарофиддини Рустам, ки пас аз хатми факултет солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудаву ба таълиму тарбияи донишҷӯён умр биспурдааст, ибрози назар намуд. Дар идома дӯстону шогирдони марҳум Шарофиддини Рустам дар бахши аввали конференсия бо маърӯзаҳои худ, аз ҷумла, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ф., профессор Муҳаммадҷонзода О., дар мавзӯи “Ёде аз устод”, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ., дар мавзӯи “Устод Шарофиддини Рустам ва рушди забоншиносии миллии тоҷик” баромад  намуданд. Дар бахши дуввуми конференсия д.и.ф., профессор Абдунабӣ Сатторзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (АМИТ) дотсент Шарифзода Боймурод, муовини раиси кумитаи забон д.и.ф., профессор Раҳматуллозода Сахидод, шоир Алии Муҳаммадӣ, профессорони ДМТ Шаҳбоз Кабиров ва Сулаймон Анварӣ, декани факултети филологияи тоҷик д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳар яке ёде аз хотироти неки ин устоди ҳалиму меҳрубон, донишманди нуктадон, пуркору сермаҳсул,  пеш аз ҳама, забоншиноси варзидаи кишвар  самимона суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар ин конференсия аз ҷониби маърӯзачиён Абдунабӣ Сатторзода даъват ба амал оварда шуд, ки  Институти забон ва адабиёти тоҷик ба номи Рӯдакӣ, дар якҷоягӣ бо раёсати  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои нашри куллиёти осори Шарофиддини Рустам  чорандешӣ менамуданд ва  то аз он муҳаққиқони ояндаи соҳаи филология некуву самаранок истифода баранд. Инчунин профессор Раҳматуллозода Сахидод пешниҳод намуд, ки – хуб мешуд агар раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази хизматҳои арзишманди олими варзида Шарофиддини Рустам ягон муассисаи таҳсилоти умумӣ ва ё олии кишварро ба номи ӯ мегузоштанд.  Дар ҳошияи ин андешаҳои хайрхоҳона, ректори донишгоҳ  ваъда доданд, ки дар факултети филологияи тоҷик синфхонаи зебоеро ба номи ин донишманд таъсис хоҳанд дод, то хотираи неки эшон дар ин боргоҳи маънӣ низ ҷовидона бошад.

Дар фарҷоми конференсия Ҷаъфар Шарофзода фарзанди марҳум  Шарофиддини Рустам ба аҳли раёсати донишгоҳ ва алалхусус ба ташкилкунандагони ин конференсия арзи сипос намуд.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 

 

1.JPG - 170.44 Kb 2.JPG - 78.97 Kb 3.JPG - 206.47 Kb 4.JPG - 206.02 Kb

5.JPG - 223.82 Kb 6.JPG - 203.67 Kb 7.JPG - 196.12 Kb 8.JPG - 160.87 Kb

9.JPG - 142.41 Kb 10.JPG - 140.75 Kb 11.JPG - 159.84 Kb 12.JPG - 124.68 Kb

13.JPG - 121.93 Kb 14.JPG - 139.82 Kb 15.JPG - 98.06 Kb 16.JPG - 89.14 Kb

17.JPG - 129.87 Kb 18.JPG - 108.83 Kb 19.JPG - 123.19 Kb 20.JPG - 121.85 Kb

21.JPG - 127.13 Kb 22.JPG - 122.81 Kb 23.JPG - 168.52 Kb 24.JPG - 231.14 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj