• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Дарси кушод-дарси ибрат ба садоратҳои факултаҳо

Садорати факултаи география дар дарси кушоди мудири кафедраи географияи табиӣ Раҳматулло Рауфов дастаҷамъона ширкат варзида, ҳусну қубҳи онро ба риштаи таҳлил кашиданд.
Дарси кушод дар мавзӯи фронтҳои атмосферӣ, сиклон ва антисиклон буд ва донишҷӯён хеле фаъол буданд. Муаллим Р.Рауфов дарсро бо усулҳои муассири интерактивӣ ба роҳ монд ва тавассути проектор паҳлӯҳои норавшани мавзӯъро тавзеҳ бахшид.


Ҳайати комиссия ба истеъдод ва медотҳои омӯзгор баҳои мусбат дода, дар маҷмӯъ дарсро қаноатбахш ҳисобиданд.
Декани факулта Ҳ.Зикиров зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки садорат дар асоси як нақшаи вижаи тартибдодааш ҳар ҳафта ба дарси як нафар муаллим медарояд ва ҷанбаҳои мухталифи онро муҳокима ва таҳлил менамояд. Мавсуф аз он хушнудӣ кард, ки то ҳол методи ягон нафар омӯзгор номақбул маҳсуб нашудааст ва онҳо касеро низ барои ин ба муҷозот накашонидаанд.
Ҳ.Зикиров изҳори итминон кард, ки садоратҳои дигар факултаҳо низ ба онҳо пайравӣ намуда, ин усули самарабахшро дар сохторҳояшон роҳандозӣ мекунанд.

 

Нурулло Салимов, донишҷӯи факултаи физика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj