• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

20.JPG - 205.94 KbРӯзи 17-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври ноҳиявии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров андар шинохти асолати миллӣ”  байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва инчунин хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардид. Мавриди зикри хос аст, ки маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвонӣ болозикр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба в-аз ҷумла, аз иқдоми ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъгиранда буд. Боиси ифтихор аст, ки дар маҳфил-озмуни мазкур донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд ва дар ҷамъбаст донишҷӯи курси дуюми факултети таърих Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи аввал ва бо дипломи Кумита сарфароз гардонида шуд.

Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯи мазкур дар ҷодаи илму эҷод муваффақиятҳои назаррас ва комёбиҳои баландмартабаро таманно менамояд.

Суратгузориш аз рафти ҷамъбасти озмун:

 

 

1.JPG - 201.02 Kb 2.JPG - 211.36 Kb 3.JPG - 214.74 Kb 4.JPG - 204.77 Kb

5.JPG - 195.28 Kb 6.JPG - 216.90 Kb 7.JPG - 227.98 Kb 8.JPG - 199.05 Kb

9.JPG - 226.91 Kb 10.JPG - 199.08 Kb 11.JPG - 230.59 Kb 12.JPG - 174.48 Kb

13.JPG - 214.62 Kb 14.JPG - 210.74 Kb 15.JPG - 211.31 Kb 16.JPG - 212.97 Kb

17.JPG - 216.64 Kb 18.JPG - 212.13 Kb 19.JPG - 208.62 Kb 20.JPG - 205.94 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj