• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ИШТИРОКИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ

ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ “МАРЗ - 2021”

1.jpg - 46.67 KbСоати 04:00 субҳи 22-уми июли соли 2021 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади санҷиши омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар 100 ҳазор нафар сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур таҳти унвони “Марз – 2021” дар тамоми қаламрави кишвар баргузор гардид. Аз ҷумла бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ва комиссариати ҳарбии он бо иштироки фаъолонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазорату ташкилотҳо ва сокинони ноҳияи мазкур соати чори субҳ ҳама якдилона дар саҳни муассисаи миёнаи №7 ҷамъ омада, омодабошии худро барои ҳимояи марзу буми кишвар изҳор доштанд. Боиси хушнудист, ки дар ин маъракаи муҳими кишвар зиёда аз 480 нафар кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории умҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии ректори ин муассиса, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ва аъзои раёсат сарбаландона иштирок намуданд. Дар чорабини мазкур, нахуст Раиси ноҳия Самӣ Шариф ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки “мо бояд ҳамеша барои ҳимояи Ватан омода бошем”. Сипас ҳозирин суханронии Сарвари давлат ва рафти паради ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро тариқи оинаи нилгун тамошо намуда, боварӣ ҳосил намуданд, ки артиши миллии кишвар қодир аст то ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.

 

Суратгузориш аз рафти баргузории чорабинӣ:

 

1.jpg - 46.67 Kb 2.jpg - 73.47 Kb 3.jpg - 70.81 Kb 4.jpg - 88.05 Kb 5.jpg - 74.28 Kb 6.jpg - 70.85 Kb 7.jpg - 85.93 Kb 8.jpg - 84.30 Kb 9.jpg - 61.57 Kb 10.jpg - 59.65 Kb 11.jpg - 66.47 Kb 12.jpg - 75.48 Kb 13.jpg - 87.20 Kb 14.jpg - 72.52 Kb 15.jpg - 81.10 Kb 16.jpg - 81.99 Kb 18.jpg - 69.35 Kb 17.jpg - 75.23 Kb 20.jpg - 62.01 Kb 19.jpg - 83.09 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj