• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

 

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ

ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

1.jpg - 55.51 Kb24-уми июли соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Хушбахт Шарифзода-сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19, инчунин, ҷалби донишҷӯёну кормандон ва сокинони пойтахт ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси Ковид-19 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст вазири маориф ва илм М. Имомзода доир ба рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз ва таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. “Ҳамзамон, роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19 корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимиро ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси Ковид-19 ҷалб намоянд”, - таъкид кард вазир М.Имомзода.

Сипас, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Х.Шарифзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки то имрӯз зиёда аз 45% аҳолии пойтахт ваксина гирифтанд ва бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа бояд тамоми сокинони кишвар бо ваксина фаро гирифта шаванд. “Ин нукта боиси таъкид аст, ки пас аз гирифтани ваксина сироятёбӣ ба ин беморӣ дар шаҳр ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин албатта натиҷаи хуб мебошад”, - қайд кард Х.Шарифзода.

Дар интиҳо, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 

1.jpg - 55.51 Kb 2.jpg - 61.43 Kb 3.jpg - 89.93 Kb

4.jpg - 20.62 Kb 5.jpg - 12.74 Kb 6.jpg - 79.19 Kb7.jpg - 85.07 Kb 8.jpg - 85.17 Kb 8.jpg - 38.25 Kb 9.jpg - 20.79 Kb 10.jpg - 7.15 Kb 11.jpg - 96.77 Kb 12.jpg - 86.01 Kb 13.jpg - 88.73 Kb 14.jpg - 155.86 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj