• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОШУНАВОЁН

ДАР ДОНИШГОҲ

2.jpg - 26.94 KbҲамасола якшанбеи охири моҳи сентябр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ношунавоён таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 24.09.2021 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ношунавоёнро мешунавем” баргузор гардид. Нахуст омӯзгори калони кафедраи  педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, сурдопедагоги шинохтаи кишвар Саттор Қувватов баромад намуда, оид ба дастовардҳои ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муфассал дод. Мавсуф зимни суханрони нақши ДДОТ ба номи Садриддин Айниро дар омода кардани мутахассисони ин соҳа дар кишвар баланд арзёбӣ намуд.  Сипас, донишҷӯёни ихтисоси сурдопедагогика-информатика оиди “Нақши забони имову ишора дар таълими кӯдакони ношунаво” маърӯза намуданд. Дар идомаи чорабинӣ барномаи зебои фарҳангӣ бо имову ишора аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 

 

1.jpg - 23.19 Kb 2.jpg - 26.94 Kb 3.jpg - 20.54 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj