• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ФАЪОЛОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР” ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲО ГАРДИДАНД

18 январи соли 2022 дар толори бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр, фаъолон, як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022, тасдиқи нақша – чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 - уми декабри соли 2021, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2022 ва масъалҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар фарҷоми ҷаласа озмунҳои “Кумитаи бењтарин”, “Ташкилоти бењтарин”, “Вакили ташаббускор”, “Таблиғотчии беҳтарин”, “Корманди беҳтарин” ва “Хабарнигори беҳтарин”, ки миёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт  дар ду давр ташкил карда шуда буд, ҷамъбаст ва ғолибони он бо диплому ҷоиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ гардонида шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар миёни ғолибони озмунҳои мазкур аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” се нафар ғолиби ҷойҳои намоён гардиданд:

-дар номинатсияи “Корманди беҳтарин” - муовини  раиси ташкилот Дилшод Раҷабов сазовори ҷойи дуюм;

- дар номинатсияи “Таблиғотчии беҳтарин” - котиби ташкилот Давлатшоҳ Каримов сазовори ҷойи сеюм;

- дар номинатсияи “Вакили ташаббускор” - аъзои фаъоли ташкилот, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғаффорзода Ҷонона сазовори ҷойи сеюм.

Ғолибон бо диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj