• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

КИТОБИ “ОМӮЗГОР - ЧАРОҒИ РӮЗГОР” ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИНТИШОР ГАРДИД

Ба хотири  нишон додани дастовардҳои соҳаи маориф дар замони истиқлол, мушкилот ва дурнамои соҳа, ки дар Паёми имсолаи Президент таъкид шудаанд, инчунин  ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеаи муосир аз ҷониби яке аз нахустин муассисаҳои олии таълимии мамлакат ДДОТ ба номи С. Айнӣ китоби «Омӯзгор - чароғи рӯзгор» таҳия ва нашр гардид. Он фарогири се бахш аст: бахши якум ба инъикоси симои омӯзгор, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва илму маориф дар партави суханрониҳо, паёмҳо ва таълифоти Пешвои миллат иртибот дорад.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо аксҳои ранга муҳтавои бахши дуюмро дарбар мегирад. Муҳимияти ин суханронӣ дар он аст, ки зимни ироаи он масъалаҳои мубрами мактабу маориф, роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти мавҷуда ва дурнамои соҳа бо дидгоҳи нав мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Силсилаи мақолаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони ДДОТ ба номи С. Айнӣ, бавижа мақолаҳои профессорон Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва Саидмуроди ХоҷазодСифатҳои воло ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат”, Рухшона Восиева “Нақши муассири Пешвои миллат дар рушди илму маориф”, Бобоҷон Самиев “Омӯзгор - шахсияти калидии низоми таълиму тарбия дар ҷомеаи муосир”, Абдусамад Муллоев “Шахсият, симо ва мақоми омӯзгор”, Акобир Мирзораҳимов  ва Тоҳирҷон Сатторов “Таваҷҷуҳ ба тавсеа ва рушди илмҳои табиӣ -риёзӣ ва дақиқ дар паёмҳои Пешвои миллат” доир ба нақш ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа дар бахши сеюми китоб фароҳам омада, қисмате аз онҳо масъалаҳои меҳварии соҳаро дар партави суханрониҳо, таълифот ва Паёмҳои Пешвои миллат ба риштаи пажӯҳиш кашидаанд.

Китоб барои устодон, муаррихон, пажӯҳишгарон, кормандони соҳаи маориф, хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj