• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

МУҲИМТАРИН МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ  МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

21 январи соли 2022 дар толори Шурои олимони ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик мизи мудаввар дар мавзӯи «Муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ ва амалии  муносибати босалоҳият ба таълим» баргузор гардид. Мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, профессор Ш.Р. Исрофилниё нишасти илмиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба дурнамои рушди маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ дар ин масъала сухан карда, ҳадаф, зарурат ва мушкилоти татбиқи муносибати босалоҳиятро кӯтоҳ шарҳу тавзеҳ дод. Сипас гузориши дотсенти ДМТ, сарходими АТТ Азим Байзоев дар мавзӯи «Муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ ва амалии  муносибати босалоҳият ба таълим» ироа гардид. Дар ин гузориш А. Байзоев доир ба масъалаҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла роҳҳои татбиқ намудани муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳадаф ва зарурати он, мувофиқати барномаву китобҳои дарсӣ ба ин шеваи таълим ва дигар паҳлӯҳои раванди таълим сухан ронд. Иштирокчиёни мизи мудаввар  перомуни масъалаҳои гуногуни  муносибати босалоҳият ба А. Байзоев савол дода, ҷавобҳои қоноатбахш гирфтанд.

Шиносоии бевоситаи гузоришгар бо низоми маориф ва таҷрибаи татбиқи ислоҳоти маориф дар кишварҳои гуногун ва таҳлили муқоисавии он бо соҳаи маорифи кишвар имкон дод, ки  вобаста ба самтҳои гуногуни ислоҳот муваффақият, имконият ва монеаҳоро муайян карда, роҳҳои ҳалли мушкилотро бо дарназардошти шароити воқеии кишвар пешниҳод намояд. Баъд аз гузориш ва ҷавоби суолҳо аз ҷониби  А. Байзоев доир ба масъалаи болозикр баҳси илмӣ сурат гирифт. Дар баҳс профессорони ДДОТ ба номи С.Айнӣ Х. Сайфуллоев, Ш.Р. Исрофилниё, С. Хоҷазод, дотсентон К. Саидолимов, Х. Камолов (дотсенти ДМТ), Ҷ. Азимов (корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигарон иштирок намуданд.

Дар охири нишаст  А. Байзоев китобҳои доир ба масъалаҳои мактабу мориф навиштаашро ба китобхонаи Донишгоҳ туҳфа намуд. Инчунин иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод намуданд, ки чунин нишастҳо бо иштироки мутахассисони соҳа бештар ташкил карда шаванд.

Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj