• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ 4 МУОВИНИ РЕКТОР ВА 4 ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ ИВАЗ ГАРДИД!

Имрӯз дар асоси фармоиши муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ дар сатҳи роҳбарикунанда, аз қабили 4 муовини ректор ва 4 декани факултетҳои химия, биология, забони англисиву русӣ ба амал омад.

Муаррифии кадрҳои тозатаъйин бо иштироки Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Маврид ба зикр аст, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҳтулло Айнулозода, ки то ин замон дар вазифаи сардори Раёсати таълим фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, Сангинов Донёр Шомаҳмадович ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, Худойдодзода Фаррух Бегиҷон ба вазифаи муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ, Исмоил Исроилов ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисод ва хоҷагидорӣ таъйин гардиданд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ Абдусалом Мирзозода, ки то ин замон дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ фаъолият менамуд, ба вазифаи декани факултети химия, Акобир Мирзораҳимов, ки дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолият дошт, ба вазифаи декани факултети биология, Шуҳрат Каримов, ки ба ҳайси мудири кафедраи “Назарияи тарҷума ва услубшиносӣ” адои вазифа менамуд, ба вазифаи декани факултети забони англисӣ таъйин гардиданд.

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ таъингардида, барои бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат ва баланд бардоштани нуфузи илмии донишгоҳ фаъолият намудан барору муваффақият хост.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj