• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАДҚИҚОТИ ГУРӮҲИИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ

Дар таърихи 22-юми сентябри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии ДДОМ - ташкилоти пойгоҳии ИДМ оид ба омодасозии кадрҳои педагогӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҷлили солгарди ташкил ёфтани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Арманистон ба номи X. Абовян (100-солагӣ) ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москав (150-солагӣ), чамъбасти тадқиқоти гурӯҳӣ «Мониторинги сифати таҳсилот дар донигоҳҳои омӯзгории ИДМ» ва баргузории озмуни IV-и байналмилалии муаллимони ҷавони ИДМ «Оғози фаъолияти педагогӣ - 2022» баррасӣ гардиданд.

Дар тадқиқоти гурӯҳӣ аз ДДОТ ба номи С. Айнӣ 29 нафар аз ҳайати кормандони маъмурию роҳбарикунанда ва аз 14 факултет 225 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj