• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НИШОНДОДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ

Дар таърихи 3 декабри соли 2022 дар факултети психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ баргузор гардид. Тибқи талаботи муқарраршуда ҳисобот дар Шурои олимони факултет бо иштироки кулли аъзоён бо истифода аз рӯнамо (слайд) шунида шуда, осори дар ҳисобот дарҷгардида дар мавқеи алоҳида ба намоиш гузошта шудааст.Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Декани факултет М.Дадобоева доир ба натиљањои фаъолияти корҳои илмӣ-тањќиќотии факултети психология дар соли 2022  маърузаи хешро ба ҳозирин ироа намуд.  Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта,   ҳисоботи  фаъолияти корҳои илмӣ-тањќиќотии факултети психология дар соли 2022  қаноатбахш ҳисобида шуд. Дар ин баробар садорати факултет ва мудирони кафедрањо муваззаф гардиданд: рафти иҷроиши мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳоро таъмин  ва зери назорати қатъї қарор дињанд; фаъолияти илмию пажӯҳишии кафедраҳоро мутобиқ ба барномаҳои роњандозї намоянд; бо мақсади  баланд бардоштани иқтидори илмии кафедраҳо  назорати љараёни корҳои илмӣ-таҳқиқотии аспирантон, унвонҷӯён ва докторантонро пурзӯр намоянд; љињати тањияву нашри китобњои дарсї ва маводњои таълимї-методї чорањои зарурї андешанд. Дар умум таъкид гардид, ки ҷиҳати бартараф кардани нуқсону камбудиҳо ба раёсати донишгоҳ маълумотнома пешниҳод карда шавад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj