• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Имрӯз, 5-уми декабри соли 2022 даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ширкат ва суханронӣ карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – рӯзҳои 5-7-уми декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), рӯзҳои 8-10-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), рӯзҳои 11-12-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, рӯзҳои 13-15-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16-уми декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малака ва дониши худро дар назди аъзои ҳакамон месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоӣ 442 нафар иштирок менамоянд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Баргузории озмуни мазкур баёнгари он аст, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану азбар намудани мероси адабиву илмӣ саҳми муносиб мегузоранд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj