• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАРСИ КУШОД МАРБУТ БА МАСОИЛИ СИЁСӢ

Дар асоси нақша – чорабиниҳои  садорати факултети математика ва информатикаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ дар факултети мазкур бо ташаббуси ассистенти кафедраи анализи  математикӣ Сайфуллоева З. Х. дар курсҳои дувуми ихтисоси таълими касбии фанни информатика дарси тарбиявӣ баргузор гардид. Дар дарси мазкур мақолаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” мавриди таҳлил қарор гирифт.Дар раванди дарс зикр шуд, ки аксарияти нофаҳмиҳо ва ҷангу ҷидолҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон ин рӯйи замину обҳои таърихиву расмии мо мебошанд. Ва боварии комил метавон гуфт, ки то имрӯз аксарияти мардуми ватандӯсти мо аз баъзе фактҳои расмиву таърихии баҳсҳои марзӣ огоҳ набуданд. Ҳамин буд, ки сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар як мақолаи таҳлиливу иттилоотии худ аксари раванду падидаҳои баҳси марзиро бо овардани факту далелҳои воқеӣ ба мардуми тоҷик нишон дод.

Донишҷӯёне, ки дар ин дарси кушод иштирок намуданд, аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ баён карданд. Зимни изҳори назари хеш қайд карданд, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд аз чунин масоил комилан огоҳ бошад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj