• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ САТҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Дар таърихи 22-юми декабр соли 2022 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ ҷамъомади навбатии худро дар мавзӯи «Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид» баргузор намуд, ки дар он муовини декан оид ба илм, дотсент Умаров А, мудири кафедраи мазкур, дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Маҳфилро мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, дотсент Сайнаков С.П. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо мавзӯъ ва барнмоаи маҳфил ошно намуд. Сипас, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Роҳатов Ғ. дар мавзӯи «Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид», дотсент Умаров А. дар мавзӯи «Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва проблемаи норасоии он дар ҷаҳон» ва муаллими калони факедраи геоэкология Ибрагимов Қ. дар мавзӯи «Ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти гармшавии глобалии ҳарорати ҳаво» баромад намуданд. Ҳамчунин дар кори маҳфил донишҷӯёни курси якуми ихтисоси таърих Неъматзода Шаҳбоз дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ҷаҳонии масоили марбут ба об», Бобохонзода Маъсума дар мавзӯи «Ҳадафҳои тақдирсози Тоҷикистон дар бартараф намудани хатарҳои глобалӣ» ва Алимардонова Қурбонгул дар мавзӯи «Тундгароӣ, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ ва роҳҳои мубориза бо онҳо» баромад намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj